Ҷаласаи навбатии Раёсат
Дар ҷаласаи навбатии Раёсати Донишгоҳи давлатии тибии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино сараввал ректори муҳтарам, доктори илмҳои тиб, профессор Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ иброз намуданд, ки имрӯз, 26 декабри соли 2018, дар шаҳри Душанбе ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузор гардид. Дар ҷаласаи муштараки Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба парлумони кишвар паёми навбатии худро, ки фарогири самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Тоҷикистон мебошанд, ироа намуданд. Дар Паём бештар масъалаҳои соҳаи тандурустӣ ва маориф мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Ректори Донишгоҳ таъкид намуданд,ки ҳайати профессорону омузгорон ва донишҷӯёни муассисаамон бояд Паёми имсолаи Сарвари кишварро сармашқи кори ҳамарӯзаи худ қарор диҳанд. Ба аъзои Раёсат супориш дода шуд, ки нисбати ин масъала «Нақшаи чорабиниҳои Донишгоҳи давлатии тибии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино» таҳия шавад. Муҳтарам М.Гулзода қайд намуданд, оиди ин масъала дар ҷаласахои минбаъда муфассалтар андешаронӣ хоҳем кард.
Баъдан, тибқи «Нақшаи кории раёсати Донишгоҳ барои соли таҳсили 2018-2019» муовини ректор оид ба илм ва нашрия Юсуфӣ Саломуддин Ҷаббор, академики АИТ ВТ ва ҲИА ҶТ, д.и.ф., профессор оид ба фаъолияти илмӣ, инноватсионӣ ва нашрия дар соли 2018 ҳисобот дод. Инчунин, Субҳонов Саттор Соибович, н.и.т., дотсент оид ба фаъолияти Гурӯҳи идоракунии сифати таҳсилот дар нимсолаи авали соли таҳсили 2018-2019, мушкилот ва роҳҳои баланд бардоштани сифати таълим дар кафедраҳои Донишгоҳ ахбори муфассал дод. Дар охири ҷаласа масъалаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
С. Расулзода, мудири шубаи иттилоот ва нашрия