Ҷаласа оид ба паём
Ба наздикӣ вобаста ба Паёми имсолаи Пешвои миллат марбут ба соҳаи тандурустӣ ва маориф ҷаласаи кормандони бахши хоҷагидорӣ баргузор гашт. Ҷаласаро муовини ректор, оид ба корҳои хоҷагӣ – маъмурӣ Хокироев Т.З. оғоз бахшида, оиди муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, дар масъалаҳои мубрами рӯз, паҳлӯҳои сиёсӣ – иҷтимоӣ, ба хусус ҷиҳати баргузории интихобот ва чорабиниҳои сиёсии пешбинишуда, аз ҷумла дар масъалаи пешгирӣ аз ҳар гуна зуҳуроти номатлуб: терроризм, экстримизм, ифротгароӣ ва шомилшудан ба ҳамагуна ҳизбу ҳаракатҳои бегона изҳори андеша намуданд.
Ҳамзамон ҳозиринро водор сохтанд, ки ин масъулият ва қарзи шаҳрвандии ҳар яки мо ҳамчун як фарди ҷомеаи навин мебошад, ки барои бегона нагаштани фарҳангу тамаддуни миллии хеш бетараф наистода, талош варзем. Барои пойдор нигоҳ доштани сулҳу амният, оромии ҷомеа дар байни кормандон ва донишҷӯён оиди масъалаҳои ироа гардида ҷаласа гузаронида, корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда шавад то, ки ҳисси ватандустию меҳанпарастӣ ва зиракии сиёсиро дар онҳо бедор созем.
Инчунин Хокироев Т.З. муовини ректор оид ба корҳои хоҷагӣ – маъмурӣ бо кормандони бахши хоҷагидории бинои нави таълимӣ низ оиди Паёми Пешвои миллат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрӣ гузарониданд.
У.С.Абилова, корманди бахши хоҷагӣ-маъмурӣ
02.03.2020
1092