Қадри устод аз падар беш аст

Қадри устод аз падар беш аст

Дар толори кафедраи дерматовенерология бо иштироки муаллимони кафедра дотсентон Дадабаев Р.Д., Исматуллоева С.С., ассистенти кафедра Зоирова Н.П. ва донишҷӯёни курси 4 факултети тиббӣ гуруҳҳои 51-56 семинар дар мавзӯи «Қадри устод» баргузор гардид. Донишҷӯён Ҳоҷибоев И., Саидакбари А., Ҳайдарова Н. ва Бобоева С. бо роҳбарии дотсенти кафедра Дадабаев Р.Д. доир ба мавзӯи зикршуда маърӯза карданд. Аз ҷумла, таъкид шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониашон қайд карда буданд: «Ҷомеае, ки ба устод, омӯзгор эҳтиром намегузорад, ба пешрафт муваффақ шуда наметавонад».

Дар ҳама давру замон ҷомеаи ҷаҳониро бе устод, муаллим, омӯзгор дарк кардан хеле душвор мебошад. Зеро моро устод таълим медиҳад ва бо роҳи рости зиндагӣ ҳидоят менамоянд. Бузургон беҳуда нагуфтаанд: «Муалим мисли шамъ аст худаш месӯзад ва ба дигарон равшанӣ мебахшад». Худ қазоват кунед, ки дар ҷомеа омӯзгор набошад он ҷомеа ё табақа аз ҷиҳати бесаводӣ ба нестӣ рафта, миллат қашшоқ мешавад. Омӯзгор натанҳо аз ҷониби бузургони илму адаб, балки аз ҷониби пайғамбарон низ чун як шахси азизу муътабари ҷомеа таҷассум ёфтааст.

Дар китоби тафсири Қуръон «Рӯҳ-ул-маъонӣ» аз Расули акрам(с) ҳадисе аст, ки фармудааст: Волидайн ба се гуруҳ тақсим мешаванд:

1.Оне, ки туро ба дунё овардааст.

2.Касе, ки туро издивоҷ кунонидааст.

3.Шахсе, ки туро таълим додааст.

Аз ин ҷо мо метавонем ба хулосае биёем, ки дар васфи омӯзгор ҳам олимони

соҳаи дин ва ҳам олимони соҳаи дунявӣ ақидаҳои худро пешниҳод карда, дар ҳама ҷо қадру манзалати устод, омӯзгорро дар мадди аввал гузоштаанд.

 

Қадри устод аз падар беш аст,

В-аз падар устод дар пеш аст.


Дотсенти кафедраи дерматовенерология, н.и.т. Дадабаев Р.Д.


02.10.2021 3761

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php