Аҷаб шаҳри дилорои Душанбе!

Аҷаб шаҳри дилорои Душанбе!

Дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди фарҳанги миллӣ дар самти рушди маънавиёт, ташаккули ватандӯстиву хештаншиносии сокинони мамлакат, дастгирии фаъолияти эҷодии шаҳрвандон, тарбияи ахлоқии ҷомеа мутобиқ ба арзишҳои фарҳанги миллию умумибашарӣ ба таври ҳамешагӣ равона гардида, баҳри иҷрои барномаву нақшаҳои марбутаи соҳа тадбирҳои мушаххасу амалӣ андешида мешавад. Ҳамин аст, ки шаҳри Душанбе ба як мавзеи дилнишини сайру саёҳати сокинон ва меҳмонони Пойтахти азизамон табдил ёфтааст. Имрӯз дар шаҳри Душанбе боғҳои фарҳангиву фароғатии зиёд, аз ҷумла, боғҳои ба номи Рӯдакӣ, Садриддин Айнӣ, Низомиддин Алишер Навоӣ, Куруши Кабир, Ҷавонон, Боғи кӯдакон, Кӯли ҷавонон, Дӯстии халқҳо боғҳову маконҳои дигари тамошобоб мавҷуданд, ки ҳамарӯза аз онҳо нафарони зиёд дидан менамоянд. Мавзеъҳои фарҳангию фароғатӣ дар шаҳри Душанбе бо зебоии хосашон диққатҷалбкунанда буда, ба макони сайру гашт ва истироҳати доимии сокинону меҳмонони пойтахт табдил ёфтаанд. Фавораҳои зебою дилфиреб, гулу буттаҳои рангорангу назаррабо ва дарахтони нодири ҳамешасабзу сояафкан ва ороишӣ ба боғҳои фарҳангию фароғатӣ ҳусни нотакрор бахшидаанд. Боғҳои фарҳангию фароғатии шаҳри Душанбе ба ҳусни пойитахти азизамон-шаҳри Душанбе зебогии дигар бахшида, бештари онҳо, ки ба номҳои бузургони миллати тоҷик гузошта шудаанд, бори дигар аз эҳтиром ва арҷ гузоштани халқи тоҷик ба гузаштагони худ дарак медиҳад.

Маврид ба таъкиди хос аст, ки Роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстон, шаҳри Душанбе ба масъалаи таъмиру азнавсозии боғҳо ва мавзеҳои тамошобоби шаҳри Душанбе таваҷҷуҳи хоса дошта, тай чанд соли охир боғҳои фарҳангиву фароғатӣ ва мавзеҳои дигари тамошобоби Пойтахти азизамон таъмиру азнавсозӣ гардидаанд. Шаҳри Душанбе ба ҳайси даҳгонаи шаҳрҳои амнтарини ҷаҳон ворид гашта, макони баргузории чорабиниҳои бузурги минтақавию байналмилалӣ пазируфта шудааст.

Аҷаб шаҳри дилорои Душанбе,

Хаёлам зеби дунёи Душанбе.

Валиев Давлатёр

рӯзноманигор


07.10.2021 32