Натиҷагирии корҳои илмӣ-тадқиқотии эксперменталии кафедраи химияи фармасевтӣ ва заҳршиносӣ
Санаи 29.01.202. аз тарафи унвонҷӯи кафедраи химияи фармасевтӣ ва захршиносӣ натиҷагирии корҳои илмӣ-тадқиқотии кӯтоҳмуддат (1 моҳа) оиди Синтез ва таҳқиқоти Zn- (II) ва Cи -(II)-и координатсионӣ бо дибазол ва албендазол” таҳти роҳбарии проф. Раҷабов У.Р. дар ҳайвонотҳои озмоишӣ (калламӯш 24-адад) ба анҷом расид.Барои натиҷагирӣ таҳлилҳои биохимиявии хун (сафедаи умумӣ, глюкоза, холестерин, липопротеидҳо, триглисерид, фосфолипид, амилаза, калсий, мочевина, креатинин), инчунин маводҳои морфологӣ гирифта шуданд. Аз натиҷаҳои ба дастомада таъсири муcбат ва манфии маводи тадқиқшаванда омӯхта мешавад.
Озмоишгохи маркази илмӣ-тадқикотӣ.
07.02.2020
1091