Ҳуҷайрадармонӣ ҳангоми шикасти сегментарӣ дар устухонҳои дароз


Ҳуҷайрадармонӣ ҳангоми шикасти сегментарӣ дар устухонҳои дароз
Дар бахши ҷарроҳии эксперименталии ОМИТ санаи 14.01.2020 давраи охирини қисми эксперименталии кори илмӣ-тадқиқотии дарозмуддат (кори номзадӣ) дар мавзӯи“Ҳуҷайрадармонӣ ҳангоми шикасти сегментарӣ дар устухонҳои дароз” аз тарафи аспиранти кафедраи травматология Шарипов А.А. (роҳбари кори номзадӣ д.и.т. Қурбонов С.) гузаронида шуд. Қаблан дар ҳайвоноти озмоишӣ ( 20 адад) бо шикасти устухони рон ворид намудани ҳуҷайраҳои бунёдӣ гузаронида шудааст. Барои натиҷагирӣ дар ҳайвоноти озмоишӣ экзартикулятсияи андоми қафои қаблан ҷарроҳишуда барои ташхиси морфологӣ фиристода шуданд. Ташхисҳои морфологӣ дар бахши морфологияи ОМИТ гузаронида мешаванд. 
 Озмоишгоҳи марказии илми-тадқиқоти

17.01.2020 660

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php