Азхудкунии техникаи модели “Обияткашии маҷрои умумии талхагузар” барои натиҷагирии бахши фармакологияи эксперименталӣ


 Азхудкунии техникаи модели “Обияткашии маҷрои умумии талхагузар” барои натиҷагирии бахши фармакологияи эксперименталӣ
Дар бахши фармакологияи эксперименталии ОМИТ барои натиҷагирии омӯзиши таъсири гепатопротекторӣ ва талхаронии маводи тадқиқотшаванда таҳти роҳбарии проф. Азонов Ҷ.А. корҳои илмӣ-тадқиқотии кӯтоҳмуддат дар ҳайвонотҳои озмоишӣ (хукчаҳои барфӣ 8 адад) азхудкунии техникаи модели “Обияткашии маҷрои умумии талхагузар) гузаронида шуданд. Зери беҳискунии умумӣ бо буриши 6,0 см дар хати мобайнии шикам лапоротомия гузаронида шуд. Баъд аз ҷудо намудани маои умумии талхагузар зери калонкунии оптикӣ бо найчаи обияткашии диаметраш 0,3 мл обияткашӣ кард шуда, дар муддати 30,0 дақиқа 5,0мл моеи шаффофи рангаш сабз (талха) хориҷ гардид. Талхаи хориҷгардида барои ташхиси биохимиявии он фиристода шуд. Ин тадқиқот қисми эксперименталии корҳои номзадии унвонҷӯёни Озмоишгоҳ мебошад. Барои натиҷагирӣ баъд аз ворид намудани маводи тадқиқотшаванда барои омӯзиши хосияти талхаронӣ ва гепатопротекторӣ обияткашии холедох гузаронида мешаванд. 
Озмоишгоҳи марказии илмӣ-тадқиқотӣ

10.01.2020 567

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php