Мизи мудаввар дар Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии «Фарматсия»
Санаи 22 ноябр дар Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии «Фарматсия» мизи мудаввар дар мавзӯи «Таъминоти аҳолӣ бо маводи доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ» бо мақсади баррасии масъалаи дуруст ба роҳ мондан, муайян намудани паҳлуҳои афзалиятнок ва норасогиҳои хизматрасонии соҳаи фарматсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд. Дар он муовини ректор оид ба илм ва нашрияи донишгоҳ, академики АИТ ҶТ Юсуфӣ С.Ҷ.; Ҳайдаров К.Ҳ. - академики АИТ ҶТ; Маҳмдшоев М.М. - собиқ директори генералии соҳаи фарматсия; Давлатқадамов С.Д. собиқ директори Фабрикаи дорусозии ҶТ; Давлатов М.К. - сардори Хадамоти давлатии фаъолияти фарматсевтӣ; Амиров Ҷ.М. – сармутахассиси Раёсати фарматсия ва техникаи тиббии ВТ ҲИА ҶТ; Мингбоев М.Қ.- раиси ТҶ “Иттифоқи фарматсевтони Тоҷикистон”; Ахмедов Ф.А. – директори Маркази илмӣ-истеҳсолии ВТ ҲИА ҶТ; инчунин, декан, мудирони кафедраҳои тахассусии фарматсевтӣ ва кормандони Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии «Фарматсия» иштирок намуданд.
Дар рафти мизи мудаввар чунин мавзуъҳо баррасӣ карда шуданд:
> Мақсади ташкил намудани Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии «Фарматсия»;
> Вазъи тайеркунии мутахассисони соҳаи фарматсия дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино;
> Ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи фарматсия аз тарафи ВТ ва ҲИА ҶТ тасдиқшуда;
> Ба роҳ мондани коркарди растаниҳои шифобахши ватанӣ дар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
> Навигариҳои технологияи фарматсевтӣ ва татбиқи онҳо дар соҳаи фарматсияи ҶТ;
> Технологияи коркарди маводҳои доругии нав.
Баъди мубоҳисаҳои зиёд иштирокчиёни мизи мудаввар ба раёсати МДТ ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва ВТ ва ҲИА ҶТ чунин пешниҳодҳо намуданд:
1. Дастрас намудани технологияи навин дар соҳаи фарматсияи ҶТ ва ташкил намудани муассисаҳои истеҳсолии маводи дорувории ҷавобгуи замони ҳозира;
2. Дастрас намудани заминҳои таҷрибавӣ барои факултаи фарматсевтӣ оиди коркарди растаниҳои шифогӣ;
3. Пурзӯр намудани ҳамкориҳо байни Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии «Фарматсия» ва Маркази илмӣ-истеҳсолии ВТ ҲИА ҶТ;
4. Дар якҷоягӣ бо Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии «Фарматсия» ва Маркази илмӣ-тадқиқотии ВТ ҲИА ҶТ ташкил намудани лабораторияи фитохимия.
5. Ташкил намудани Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ бо номи «Беҳтарин фарматсевти сол»;
6. Ба роҳ мондани омӯзиши ҷиддии растаниҳои эндемӣ.
Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии «Фарматсия»
24.11.2019
1915