Оғози кори илмӣ-тадқиқотӣ дар бахши фармакологияи эксперименталӣ.


Оғози кори илмӣ-тадқиқотӣ дар бахши фармакологияи эксперименталӣ.
“Омўзиши хусусиятҳои гиполипидимии маводи комплексии феразон-липавитол, феразон-лиманиол, феразон-карвиол”
Дар бахши фармакологияи эксперименталии Озмоишгоҳ санаи 28.09.2019с. давраи сеюми кори илмӣ-тадқиқотии дарозмуддат (1 моҳа) таҳти роҳбарии проф. Азонов Ҷ.А. оиди “Омӯзиши хусусиятҳои гиполипидемии маводи комплексии феразон-липавитол, феразон-лиманиол, феразон-карвиол” (роҳбар проф. Азонов Ҷ.А.) дар ҳайвонотҳои озмоишӣ (калламушҳои сафед, 42 адад) оғоз гардиданд. Дар ин муддат ба ҳайвонотҳои озмоишӣ маводи омӯзишӣ ворид карда шуда, пас аз як моҳ баъд аз анҷоми тадқиқот барои натиҷагирии хусусияти гиполипидимии маводи дар боло кайдшуда дар ҳайвонотҳои озмоишии назоратӣ ва муқоисавӣ таҳлилҳои биохимиявии хун ва ташхисҳои морфологӣ гузаронида мешаванд. Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ қисми эксперименталии унвонҷўён ва докторантҳои Озмоишгоҳ мебошанд.
Озмоишгоҳи марказии илмӣ-тадқиқотӣ

03.10.2019 608

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php