Оғози амалиётҳои ҷарроҳии таълимӣ ва маҳфили “Чарроҳони ҷавон” дар ОМИТ
<h5 class='p text-justify'>
Дар ин бахш маҳфили “Ҷарроҳони ҷавон” фаъолият менамояд. Аъзоёни маҳфил донишҷўёни курсҳои III-VI-ум мебошанд. Рафти фаъолияти маҳфил аз тарафи кормандони кафедра (мудири кафедра, дотсент Қурбонов Ҷ.М., асстистентҳои кафедра: Баҳромов М.Б, Абдуллоев З.Р., Мансуров Х.Н.) ва кормандони бахши ҷарроҳии эксперименталии ОМИТ назорат карда мешаванд. Барои азххудкунии техникаи ҷарроҳӣ ба аъзоёни маҳфил дарсҳои назариявӣ гузаронида мешаванд. Дар ҳафтаи сипаригашта аз тарафи аъзоёни фаъоли маҳфил (Абдуллоев А., Носиров С., Ҳасанов Ш.) мустақилона амалиётҳои ҷарроҳии “Резексияи меъда бо усули Бильрот, резексияи рудаи борик гузоштани аннастамозии “нўг ба нўг” гузаронида шуданд. Амалиётҳо дар ҳайвонотҳои озмоишӣ гузаронида шуданд. Дар оянда аз тарафи аъзоёни маҳфил баъд аз дастрас намудани дастаи асбобҳои микроҷарроҳӣ (қайчи, пинсет ва сўзанқаппак, лупа) ва азхудкунии қисми назариявӣ амалиётҳои мураккаб: гузоштани дарзи шоҳраг, асабҳои канорӣ, шараёнҳо ба нақша гирифта шудаанд.</h5>
<h5 class='font-bold text-right'>
Озмоишгоҳи марказии илмӣ– тадқиқотӣ. <br>
Кафедраи амалияи ҷарроҳӣ ва анатомияи топографӣ</h5>
20.09.2019
791