Истеҳсоли қоғазхалтаҳо аз растаниҳои шифогии ватанӣ бо таҷҳизотҳои нави воридшуда дар МТИИ “Фарматсия”
Санаи 29 январ намояндагони васоитҳои ахбори омма – ТВ “Сафина”, ТВ “Ҷаҳоннамо”, Радиои “Садои Душанбе”, Радиои “Тоҷикистон” ва Рӯзномаи “Народная газета” ба Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии «Фарматсия» ташриф оварданд. Мақсади ташрифоварии хабарнигорони ВАО ин ба навор гирифтани раванди истеҳсоли қоғазхалтаҳо аз растаниҳои шифогии ватанӣ бо таҷҳизотҳои нави воридшуда ва рафти таълимии донишҷӯён дар МТИИ “Фарматсия” буда, дар ахборот бо забони русӣ ва тоҷикӣ иттилооти муфассал пешниҳод намудан буд.
Дар рафти наворгирӣ директори Марказ Раҷабов Г.О. ва донишҷӯёни курси 5-и факултаи фарматсевтӣ оид ба фаъолияти Марказ, машғулиятҳои амалӣ ва таҷрибаомӯзии таълимию истеҳсолии соҳавӣ, ки барои тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси дорои маълумоти олии соҳаи фарматсия мусоидат менамоянд, суханронӣ намуданд.
Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии «Фарматсия»