Симпозиуми байналмиллалии ҷарроҳии кӯдакон


Симпозиуми байналмиллалии ҷарроҳии кӯдакон

      Дар доираи 66 – умин конфронси илмӣ - амалии солонаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ки 23-уми ноябр бо иштироки меҳмонони муҳташами хориҷӣ ва дохилӣ баргузор гардида буд ҳамчунин Симпозиуми ҷарроҳони кӯдакон дар мавзӯи “Ҷарроҳии нуқсонҳои ташаккули атфол” низ гузаронида шуд.


      Дар Симпозиуми ҷарроҳони кӯдакон дар мавзӯи “Ҷарроҳии нуқсонҳои ташаккули атфол” олимони соҳаи ҷарроҳӣ ва эҳёгари кӯдакон аз Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва кишвари азизамон иштирок намуданд.

     Симпозиуми мазкур бахшида ба 90 - солагии поягузори ҷарроҳии кӯдакона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми тиб, профессор, узви вобастаи АИҶТ - Пулатов Азам Тоирович доир гардид.


      Бояд қайд намуд, ки дар симпозиуми мазкур донишҷӯёни курси 5 –уми факултаи тибби гурӯҳҳои 7, 8, 9, 10, 11, 12 ва курси 5 - уми факултаи педиатрӣ гурӯҳи 2 низ иштирок намуданд.


Кафедраи ҷарроҳии кӯдакон


27.11.2018 699

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php