Семинар дар мавзӯи Осебҳои қафаси сина
28-уми сентябри соли 2018 дар кафедраи бемориҳои ҷарроҳии №2 бо донишҷӯёни курси 5-и факултети тиббӣ семинар дар мавзӯи «Осебҳои қафаси сина» гузаронида шуд. Маърӯзаро аспиранти кафедра Юнусов Ҳусейн пешкаши донишҷӯён намуд. Дар атрофи мавзӯи пешниҳодгардида баҳсу мунозира миёни донишҷӯён сурат гирифт, ки дар натиҷа донишҷӯён ба саволҳои худ ҷавобҳои саҳеҳ пайдо намуданд. Гузаронидани чунин семинарҳо метавонад донишҷӯён ва олимони ҷавонро дар соҳаи илм бештар ҷалб намояд. Ҳамин гуна семинарҳо дар кафедраи мазкур ва ҳамчунин дар дигар кафедраҳои донишгоҳ ба роҳ монда мешаванд.
Кафедраи бемориҳои ҷарроҳии №2