Проблемаҳои муосири нефропатияи диабетикӣ


Проблемаҳои муосири нефропатияи диабетикӣ

       31-уми октябр дар кафедраи бемориҳои дарунии №3 бо иштироки устодони кафедра, кормандони МД ММТ «Шифобахш», ординаторҳои клиникӣ, интернаҳо ва донишҷӯён дар мавзӯи «Проблемаҳои муосири нефропатияи диабетикӣ» маҳфили илмӣ-клиникӣ баргузор гардид, ки сухани ифтитоҳиро мудири кафедра Н.И. Мустафоқулова ироа намуда, оид ба муҳтавои ин маҳфил чанд ҳраф гуфт.

       Сипас духтури  шуъбаи бемориҳои гурда Каримова Зулайхо дар мавзӯи «Нефропатияи диабетикӣ. мафҳум, таснифот, клиника» баромад кард. Каримов Нурулло духтури шуъбаи бемориҳои гурда дар маърӯзаи илмии худ оид ба «Принсипҳои умумии табобат» ҳадс зада, табобати ин бемориро дар асоси принсипҳои муосири ҷаҳонӣ ва дохилиҷумҳуриявӣ шарҳ дод. Ординатори клиникии кафедра Қурбонов Аҳлиддин бошад нисбати тавсияҳои ассотсиатсияи умумиҷаҳонии нефрологон оид ба бемории нефрити диабетикӣ сухан намуд.  Абдуллоев Файзулло - духтури шуъбаи бемориҳои гурда бошад оид ба таърихи бемории мариз, ки гирифтори диабети нефротикӣ дар шуъбаи гурда бистарӣ буд сухан ронд. Муаллими калони кафедра баъди суханҳои маърӯзачиён оиди пешравиҳо дар соҳаи нефрология дар ҷаҳон ва ҳамчунин дар кишвар маълумот пешниҳод кард.

         Дар охир оиди мавзӯи муҳокимашуда мудири кафедра Мустафоқулова Н.И. тавсияҳои муфид пешниҳод намуд.

         Ҳамчунин, дар рафти конфронс иштирокчиён ба саволҳои зиёди худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

 

Мустафоқулова Н.И., мудири кафедраи бемориҳои дарунӣ № 3


02.11.2018 538

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php