Омӯзиши хусусияти заҳрнокии пайвастагиҳои тадқиқотшавандаи “Рӯҳ ва албиндазол”


Омӯзиши хусусияти заҳрнокии пайвастагиҳои тадқиқотшавандаи “Рӯҳ ва албиндазол”

      Омӯзиши хусусияти заҳрнокии пайвастагиҳои нави тадқиқотшаванда аз тарафи кафедраи химияи фармасевтӣ ва заҳршиносӣ дар бахши фармакологияи эксперименталии ОМИТ идома доранд. Барои гузаронидани қисми эксперименталии давраи сеюми корҳои илмӣ-тадқиқотии кафедра оиди “Омӯзиши хусусияти заҳрнокии маводҳои тадқиқотшавандаи рӯҳ ва албиндазол” (муттасадиён Шӯҳратзода М, Ҷулаев У, Раҳимова Р.Н.) дар ҳайвонотҳои озмоишӣ (харгӯшҳо, 30 адад) оғоз гардиданд. Баъд аз ворид намудани маҳлули пайвастагиҳои тадқиқотшаванда ба меъдаи ҳайвонотҳои озмоишӣ дар муддати 14 шабонарӯз таъсири заҳрнокии маводҳо санҷида мешаванд. Ҳангоми зарарнок будани маводҳо аломатҳои заҳролудшавӣ мушоҳида карда мешаванд (марги ҳайвонотҳои озмоишӣ, пайдо шудани иллатҳои оризӣ – дарунравӣ, пайдо шудани кашихӯрии мушакҳо ва ғ). Ин тадқиқот қисми корҳои илмӣ-тадқиқотии кафедра, аспирантҳо ва унвонҷӯёни кафедра ( роҳбари илмӣ мудири кафедра проф. Раҷабов У.Р.) мебошад. Тадқиқоти мазкур аз тарафи аспирантҳо Мижгона Ш., Ҷулаев У. ва унвонҷӯ Раҳимова Р. ва кормандони ОМИТ гузаронида мешаванд. Аз натиҷаҳои бадастомада чоп намудани мақолаҳо, патент ва ихтироот пешбинӣ шудааст.

Озмоишгоҳи марказии илмӣ - тадқиқотӣ

 


10.11.2018 415

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php