Натиҷагии даврагии бахши фармакологияи эксперименталӣ


Натиҷагии даврагии бахши фармакологияи эксперименталӣ

        Дар бахши фармакологияи эксперименталии Озмоишгоҳ санаи 25-уми октябри соли 2018 таҳти роҳбарии проффесор Азонов Ҷ.А. барои натиҷагарии даврагии корҳои илмӣ-тадқиқотии дарозмуддат (60 рӯз) оиди «Омӯзиши хусусиятҳои гиполипидимии маводҳои тадқиқотшавандаи “Феразон” ва “Феразон-липовитол” ва омӯзиши таъсири мусбат ва манфии маводи озмоишӣ дар ҳайвонотҳои озмоишӣ (харгӯшҳо 60 адад), ки санаи 25.09. соли 2018 оғоз гардидаааст, таҳлилҳои биохимиявии хун гирифта шуданд. Аз натиҷаҳои ба дастомада чоп намудани мақола дар маҷаллаҳои ватанӣ ва хориҷӣ (Руссия, Польша) ба нақша гирифта шудааст. Бояд қайд намуд, ки ин корҳои илмӣ-тадқиқотӣ қисми эксперименталии корҳои номзадӣ ва доктории кормандони ОМИТ ва унвонҷӯёни кафедарҳои донишгоҳ мебошанд.

Озмоишгоҳи марказии илмӣ – тадқиқотӣ


27.10.2018 439

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php