Маҳфили илмӣ – адабии “Поси хотир”
Кафедраи “фанҳои ҷомеашиносӣ” дар асоси нақша-чорабиниҳои кафедра оид ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохўрӣ бо омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ, талаботи банди 7- уми нақша - чорабиниҳои донишгоҳӣ ва ба хотири бузургдошти фарзандони фарзонаи миллат ҳафтаи “Поси хотир”-ро дар кафедра амалӣ намуда истодааст. Ба ин муносибат 13-уми октябр дар кафедра бо иштироки донишҷӯёни курси 1- уми факултети тиббӣ (гурӯҳҳои 19 ва 20) маҳфили илмӣ- адабӣ ба хотири ёдбуди шоирони муосири тољик Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир ва Муъмин Қаноат доир гардид.
Дар маҳфил донишҷӯён аз эҷодиёти устодони номбурда шеърҳо қироат намуданд. Донишҷӯ Шукурова Ш. шеърҳои устод Лоиқ - “Модар”, “Ватан” ва “Ман ҷавонам”- ро хеле ҷаззобу хотирмон қироат намуд. Њамчунин донишҷӯён Ғаюрова Ш. аз эҷодиёти Муъмин Қаноат, шеъри “Пешвои миллат” ва Худобахшова Л. шеъри Бозор Собир “Забони тоҷикӣ”-ро хеле дилнишин ќироат намуданд. Донишҷӯ Одиназода А. бошад аз хотираҳои сафари устод Лоиқ Шералӣ ба водии Вахш ибрози андеша намуд. Маҳфилро мутасаддии бахши тарбия, н.и.т. Абдураҳмонов З.В. ҷамъбаст намуда, иброз намуд, ки мањфил мазкур дар сатњи хеле баланд баргузор гардид. Баъд аз анљоми мањфил донишҷӯён дар саҳни донишгоҳ акси хотиравӣ гирифтанд.
Кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ