Конфронси клиникӣ дар кафедраи бемориҳои дарунии №3


Конфронси клиникӣ дар кафедраи бемориҳои дарунии №3

    Санаи 30.11.18 дар кафедраи бемориҳои дарунии №3 бо иштироки устодони кафедра, кормандони МД ММТ ҶТ «Шифобахш», ординаторҳои клиникӣ, интернаҳо ва донишҷӯён дар мавзӯи «Критерияҳои ташхиси тафриқавии плеврити экссудативӣ» маҳфили илмӣ-клиникӣ баргузор гардид, ки онро раиси конфронс мудири кафедра Н.И. Мустафоқулова бо сухани муқаддимавӣ кушода, оид ба муҳтавои ин маҳфил чанд сухан гуфт.

    Сипас дотсенти кафедра, н.и.т. Ҷамолова Рухшона дар мавзӯи «Плеврити экссудативӣ. Таснифот, клиника, ташхис ва ташхиси тафриқавӣ» баромад кард. Раҳмонов Ҷамолидин ассистенти кафедра дар маърӯзаи худ «Плеврити силӣ» ташхиси ин бемориро дар асоси принсипҳои муосири ҷаҳонӣ ва дохили ҷумҳуриявӣ шарҳ дод. Духтури шӯъбаи бемориҳои шуш Мирзоев Ҳотамҷон ахборот оиди таърихи бемории бемор, ки гирифтори пневмония бо оризаи плеврити экссудативӣ дар шуъбаи шуш бистари буд сухан ронд. Баъди ҳамаи маърӯзаҳо мудири кафедра Мустафоқулова Н.И. тавсияҳои муфид оиди мавзӯи муҳокимашуда доданд.

    Дар рафти конфронс иштирокчиён ба саволҳои зиёди худ ҷавобҳои мушаххас гирифтаанд.


Мустафакулова Н.И., мудири кафедраи беморихои дарунии №3, д.и.т., дотсент 


04.12.2018 471

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php