Иштирок дар анҷумани V-и урологҳои Ӯзбекистон
Рӯзҳои 15 ва 16 – уми октябри соли равон дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон анҷумани V-и урологҳои Ӯзбекистон дар мавзӯи «Технологияҳои муосир дар ташхис ва табобати бемориҳои урологӣ» гузаронида шуд. Дар анҷуман аз кафедраи урологияи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино мудири кафедра д.и.т., профессор Шамсиев Ҷ.А., ассистентони кафедра н.и.т. Ризоев Х.Х., Абдувоҳидов А.А. ва докторанти PhD Усмонов Б.Н., Раиси асотсиатсияи урологҳои Тоҷикистон д.и.т., профессор Нусратуллоев И., урологҳо аз беморхонаи ёрии тиббии таъҷилии шаҳрӣ, аз беморхонаи «Мадади Акбар», аз шаҳрҳои Бохтар, Ваҳдат, вилояти Суғд ва аз ҶДММ «Маркази Тиббӣ - 25» ва дигар намояндагон иштирок намуданд.
Дар анҷумани мазкур намояндагон аз ИМА – 2 нафар, Олмон – 4 нафар, Туркия – 2 нафар, Федератсияи Русия: аз ш. Москав – 4 нафар, Сан-Петербург 4 – нафар, Гурҷистон – 2 нафар. Озорбойҷон, Қазоқистон ва Ҳиндустон иштирок доштанд.
Дар рӯзи 2-юми анҷуман аз Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кафедраи урологияи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино асситенти кафедраи урология н.и.т., Ризоев Х.Х. дар мавзӯи «Опыт применения заместительной уретропластики букальным лоскутом при протяженных стриктур уретры», мудири кафедраи урология д.и.т., профессор Шамсиев Ҷ.А. «Развития урологической службы в Республики Таджикистан» ва ассистенти кафедра Абдувоҳидов А.А. «Опыт применения бездренажной черезкожной пункционной нефролитолапаксии при нефролитиазе» маърӯзаи илмӣ пешниҳод намуданд.
Дар анҷумани мазкур ду рӯз барои урологҳои ҷавон бо иштироки Ч. Сундрам (ИМА) ва Ж. Охунов (ИМА), Н. Григорьев (Русия) ва А. Богданов (Русия), профессор Д. Николаешвили (Грузия) ҷарроҳии намунавии эндоурологӣ гузаронида шуд.
Кафедраи урология