Фаъолияти маҳфили “Чарроҳони ҷавон” дар ОМИТ


Фаъолияти маҳфили “Чарроҳони ҷавон” дар ОМИТ

       Дар ҳамкорӣ бо кафедраи амалияи ҷарроҳӣ ва анатомияи топографӣ дар бахши амалиёти ҷарроҳии ОМИТ аъзоёни маҳфили “Ҷарроҳони ҷавон” фаъолиятро пурзур намуданд. Аъзоёни маҳфил донишҷӯёни курсҳои IV-VI-ум ва донишҷӯёни курси IV-уми Донишкадаи давлатии тиббии Карағанда, ки давраи таълимиро дар донишгоҳ мегузаранд, мебошанд. Рафти фаъолияти маҳфил аз тарафи кормандони кафедра ва кормандони бахши ҷарроҳии эксперименталии ОМИТ назорат карда мешаванд. Барои азхудкунии техникаи ҷарроҳӣ ба аъзоёни маҳфил муаллими калони кафедраи амалияи ҷарроҳӣ Баҳромов М.Б. дарсҳои назариявӣ гузаронида мешаванд. Дар муддати се моҳ аз тарафи аъзоёни маҳфил 36 амалиёти ҷарроҳи гузаронида шуданд, ки аз онҳо амлиётҳои мураккаб: резексияи меъда, гузоштани аннастамози меъда ва рӯда, резексияи рӯдаҳо гузоштани аннастамози “нӯг ба нӯг, нӯг ба паҳлӯ, паҳлӯ ба паҳлӯ”, гузоштани дарзи шоҳраг мебошанд. Аъзоёни маҳфили фаъол Абдуллоев Анвар, Расулова Н. (курси V-ум), Жуманбоев С. (курси IV аз Донишкадаи тибби Қарағанда) мебошанд. Амалиётҳо дар ҳайвонотҳои озмоишӣ гузаронида мешаванд.

Озмоишгоҳи марказии илмӣ - тадқиқотӣ


28.12.2018 449

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php