Баррасии муҳтавои Форуми 11-уми Флебологҳои ИДМ дар шаҳри Санкт – Петербурги Федератсияи Русия
Рӯзҳои аз 29 ноябр то 1 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия форуми 11-уми Флебологҳои ИДМ баргузор гардид, ки дар он профессори кафедра Ғоибзода А.Ҷ. ва аспиранти соли 3-юми кафедра Буриева Ш.М. ширкат варзиданд. Дар солҳои охир теъдоди иштирокчиёну кормандон ва аспирантони кафедра дар конфронсҳо, симпозиумҳо ва съездҳои берун аз кишвар бо дастгирии бевоситаи ректори донишгоҳ бештар гардида истодаанд. Бояд қайд намуд, ки муҳтавои масъалаҳои форум дар ҷаласаи назди кормандони кафедра, аспиранту интернаву ордтнаторон бо таври васеъ баррасӣ карда шуд.
Кафедраи бемориҳои ҷарроҳии №2