Баргузории маҳфили “Эпидемологони ҷавон”
5-уми декабри соли 2018 дар факултаи Нигаҳдории тандурустии ҷамъиятии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар шаҳраки “Шифобахш”бахшида ба Рӯзи мубориза бар зидди бемории ВНМО маҳфили “Эпидемологони ҷавон” дар мавзӯи “Бемории ВНМО (СПИД) – ҳамчун вабои аср” баргузор гардид, ки дар он Муовини ректор оид ба корҳои муолиҷавӣ, декани факултаи НТҶ, мудирони кафедраҳои тахассусӣ, устодон ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Маърӯзаҳо бо забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ пешниҳод карда шуданд.
Деканати факултаи НТҶ