Ба М.С.Табаров унвони академики фахрии АДТ Ижевск дода шуд


Ба М.С.Табаров  унвони академики фахрии АДТ Ижевск  дода шуд

     Аз 15 то 18 октябри соли ҷорӣ декани факултаи педиатрӣ, д.и.т., профессор Муҳиддин Сафарович Табаров бо сафари корӣ дар шаҳри Ижевски ФР қарор дошт.

     Мавсуф бо супориши роҳбарияти донишгоҳ дар чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба 85-солагии таъсисёбии Академияи давлатии тиббии Ижевск ширкат варзид. Профессор М.С. Табаров номаи табрикии ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино профессор Гулзода М.Қ.-ро вобаста ба ҷашни юбилеи академия қироат намуда, ҳамзамон туҳфаи хотиравии раёсати донишгоҳро ба соҳибҷашнҳо супурд.

     Мавриди қайд аст, ки дар ин чорабинии бонуфуз профессор М.С.Табаров бо унвони ифтихории акдемики фахрии Академияи давлатии тиббии Ижевски Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ФР сазовор дониста шуд. Зимни баромади худ ректори АДТ шаҳри Ижевск, д.и.т., профессор Алексей Евгеневич Шкляев саҳми М.С.Табаровро дар рушду тақвияти ҳамкориҳои мутақобилаи байни ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Академияи давлатии тиббии Ижевск ба таври шоиста арзёбӣ намуд.


     Зикр кардан бомаврид аст, ки солҳои охир ҳамкории ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо Академияи давлатии тиббии шаҳри Ижевск дар дар бобати ҳамкориҳои илмӣ ва мубодилаи академӣ хеле густариш ёфта, иштироки олимону устодони ду муассиса дар чорабиниҳои илмии муштарак ба ҳукми анъана даромадааст.

Нашрияи Ворисони Сино


24.10.2018 530

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php