Аҳамияти дорухат дар тибби муосир


Аҳамияти дорухат дар тибби муосир

    Чанде пеш аз тарафи Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии “Фарматсия”-и ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино мизи мудаввар дар мавзӯи «Аҳамияти дорухат дар тибби муосир» баргузор гардид. Дар мизи мудаввар   мутахассисон, намояндагони сохторҳои донишгоҳ, устодони ҷавон иштирок намуданд. Дар мизи мудаввар масъалаҳои тавсияи доруҳо ба беморон дар таҷрибаи табибон, оиди муҳим будани навиштани дорухат, хатогиҳо аз тарафи табибон дар вақти навиштани дорухат ба беморон, тавсияи нодурусти доруҳо баррасӣ шуданд. Аз кафедраи фармакология мудири кафедра, н.и.т., досент Урунова М.В. иштирок намуд. Ӯ оиди тарзи дуруст навиштани дорухат ва қисмҳои он, аҳамияти ҳуқуқӣ ва иқтисодии дорухат ба иштирокчиёни мизи мудаввар маърӯзаро баррасӣ намуд. Пас аз ҳар як баромади маърӯзачиён саволу ҷавоб гузаронида шуд, ки пешниҳодҳои муфидро оиди навиштани дорухат пешкаш намуданд.

Кафедраи фармакология


26.11.2018 2909

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php