ТАТБИҚИ МЕТОДҲОИ ИНТЕРАКТИВИИ ТАЪЛИМ ДАР ОМӮЗИШИ ФАННИ АКУШЕРӢ ВА ГИНЕКОЛОГИЯ


ТАТБИҚИ МЕТОДҲОИ ИНТЕРАКТИВИИ ТАЪЛИМ ДАР ОМӮЗИШИ ФАННИ АКУШЕРӢ ВА ГИНЕКОЛОГИЯ

Санаи 21 майи соли 2025,  дар асоси нақшаи таълимии кафедра ва бо ташаббуси роҳбарияти кафедраи акушерӣ ва гинекологияи №2  семинари дохиликафедравии омӯзишӣ баргузор гардид.

Семинар бо иштироки устодони кафедра, ассистентон ва омӯзгорони ҷавон доир шуда, ҳадаф аз он такмили малакаҳои педагогӣ ва ворид намудани усулҳои муосири таълим дар раванди омӯзиш буд. Дар доираи чорабинӣ мавзӯъҳои марбут ба методҳои интерактивии таълим, аз ҷумла:

- Team-Based Learning (TBL) – омӯзиши даставӣ бо истифода аз вазифаҳои муштарак,  

- Case-Based Learning (CBL)– таҳлили ҳолатҳои клиникӣ дар гурӯҳҳо,  

- Problem-Based Learning (PBL)– омӯзиш бо роҳи ҳаллу фасли мушкилоти амалии клиникӣ,

ба таври муфассал баррасӣ шуданд.

Ҳар як омӯзгор таҷрибаи шахсии худро дар татбиқи ин методҳо пешниҳод намуд. Муҳокимаҳо бо намоиши презентатсияҳо ва мубодилаи таҷрибаи амалии тадрисии худ сурат гирифтанд. Зимни семинар нақши фаъолсозии донишҷӯён дар раванди таълим, иштироки мустақилона, баланд бардоштани малакаи тафаккури интиқодӣ ва омодагӣ ба фаъолияти клиникӣ мавриди таҳлили амиқ қарор гирифтанд.

Семинар дар фазои илмӣ ва ҳамкоронаи баланд баргузор гардида, бо саволу ҷавоб ва табодули афкор ба анҷом расид. Дар интиҳои чорабинӣ, роҳбарияти кафедра миннатдории худро ба устодоне, ки дар ташкили семинар саҳм гузоштанд, бахусус ба олими ҷавону умедбахш Фаррух Бақоев баён намуданд.

Чорабинии мазкур яке аз иқдомҳои муҳими кафедра дар самти баланд бардоштани сатҳи омӯзиши клиникӣ ва омодасозии мутахассисони варзидаи соҳаи тиб арзёбӣ мегардад.

Кафедраи акушерӣ ва гинекологии №2 


23.05.2025 206

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php