ВОРИСОНИ СИНОЮ ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!


ВОРИСОНИ СИНОЮ ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!

Истиқлолият нишонаи барҷастатарини пойдории давлат, рамзи асолату ҳувият, симоии миллат, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори миллат гашт. Мо баъди ба даст овардани Истиқлолият ба ҷаҳони мутамаддин ҳамчун Тоҷикистон пайвастем ва аз куҳантарин диёру миллат ва қавм будани хеш дарак додем. Ҳамчунин Истиқлолияти давлатӣ ҳаёти озодонаи ҳар фард гашт ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Истиқлоли давлатӣ барои мо - ҷавонон беҳтарин неъмат, орзуву ормон, таҳкими давлат, наҷоти миллат ва ҳастии инсон ба шумор меравад. Танҳо бо доштани соҳибистиқлолӣ муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем. Танҳо дар фазои соҳибистиқлолӣ душвориҳо ва монеаҳо паси сар гардида, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меоварад.

Санаи 22. 05 соли 2025 дар кафедраи нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ ва омори тиббӣ бо курси таърихи тиб бо донишҷӯёни курси 4-ум гуруҳҳои 26, 29-уми факултаи тиббӣ тибқи  нақшаи корҳои тарбиявии кафедра семинар бахшида ба мавзӯи «Ворисони Синою пайравони Пешвои миллатем» гузаронида шуд. Дар семинар ҳайъати кормандони кафедра ва донишҷӯён иштирок намудаанд.

Семинарро ассистенти кафедра оид ба корхои тарбиявӣ Шарифзода Ф. Ҷ., ҳусни  оғоз бахшида, баён намуданд, ки бе қавонон ягон давлати рӯӣ дунё пешрафта наметавонад. Аз ин рӯ мо ҷавононро мебояд, ки дар рӯҳияи ватандӯстию ватанпарварӣ ва хештаншиносӣ обу тоб ёфта ба камол расем ва пайваста бояд аз пайи омӯзиши илмҳои замони худ, донистани забонҳои хориҷӣ, аз худ намудани касбу ҳунарҳои мардумӣ равона шавем. Чунки ғамхориҳое, ки имрӯз аз тарафи давлату ҳукумат ва Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон дида мешаванд бешуморанд ва адои он бар души ҳар яки мо қарз аст.  

Тавре Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ–Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд: «Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерўи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷоема, хуллас, ояндаи миллату давлат мебошанд».

Аз баски насли ҷавон ба сифати як нерўи пуриқтидори бунёдкору пешбаранда шинохта ва эътироф шудааст, мақоми сиёсию иҷтимоии он низ на фақат нерўи демократии ҷомеа ва давлатро, балки хусусиятҳои таҳаввулот, стратегияи тараққиёт ва ояндаи кишварро муайян мекунад. Маҳз ҳамин ҷанбаҳои муҳиму тақдирсози ояндаи кишварро ба инобат гирифта, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017-умро «Соли ҷавонон» эълон намуданд. Вале ин на ба он маъност, ки Ҳукумати кишвар танҳо соли 2017 ба масъалаи ҷавонон рў меорад, балки сиёсати ҷавонон таҳкурсии сиёсати давраи Истиқлолиятро ташкил медиҳад. Зеро Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари ба даст овардани Истиқлолият зарурияти ташаккул ва амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавононро пазируфтааст.

Ҳамчунин ассистенти коромӯзи кафедра Ҳаитов С. С., маърӯза намуданд, ки мо ҷавонон, бояд фахр кунем, ки зодаи ин сарзаминем ва насли миллати дорои фарҳангу таърихи қадима ҳастем. Он дастовардҳое, ки имрӯз насиби мо гаштаанд, бояд дар оянда дучанд гардонида боз рушду камол ёбанд ва ин масъулият ба зиммаи мо гузошта шудааст. Бо муваффақият дар ҳаёт татбиқ шудани он танҳо дар ҳамон сурат амалӣ мегардад, ки агар мо пайрави пешвои миллат ва пешбарандаи ҷамъият бошем, гуфтаҳои он касро ҳамчун дастури зиндагонии худ қабул карда, тамоми қуввату маҳорати худро барои пешрафти кишварамон равона созем. Беҳуда нест, ки Пешвои миллат дар яке аз баромадҳои худ таъкид намуданд: «Ҷавонон, ки ҳафтод дар сади аҳолии ҷумҳурианд, нерӯи такондиҳанда ва пешбарандаи ҳаёти ҷамъият буда, ҳама чиз вобаста ба он аст, ки аз ин нерӯи азим чӣ тавр истифода бурда мешавад. Ин нерӯ метавонад ҳам созанда бошад ва ҳам сӯзанда».

Барои дар оянда созанда будан, талаботи замонаро саривақт эҳсос кардан, манфиати миллату амнияти давлати соҳибистиқлоли худро ҳимоя ва сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллатро дастгирӣ намудан чӣ бояд кард?

Ба фикри мо, пеш аз ҳама дар раванди ҳаёти худ бояд расму оинҳо ва арзишҳои миллии худро риоя намоем. Одобу рафтори ба миллати тоҷик хосро гум накунем. Ҳамзамон ҳангоми зисту зиндагонии худ бояд қонуну қоидаҳои танзиму анъана ва ҷашну маросимҳоро набояд вайрон кард. Ин иқдом фақат барои нафъи мо равона шуда имконият медиҳад, ки маблағи худро сарфакорона истифода барем. Муносибат ба сиёсати давлат низ яке аз масъалаҳои муҳими ҳаёти ояндаи мо мебошад. Барои он, ки пайрави сиёсати давлат ва роҳбари он бошем, мо бояд пайваста аз сиёсати дохилӣ ва берунии кишвар огоҳ бошем, маърифатнокии сиёсии худро ҳамеша сайқал диҳем.

Албатта, тарзи дурусти зиндагониро пеш гирифта аз сиёсат бохабар будан, бидуни соҳиби ягон касб шудан маънои томи худро гум мекунад. Аз ҳамин сабаб яке аз вазифаҳои муҳимтарини мо- ин ягон ихтисосро интихоб намуда дар ин соҳа сайқал додани донишу малакаҳои худ мебошад. Ин масъалаи бисёр ҷиддӣ аст, чунки аз интихоби дурусти касб зиндагии ояндаи мо, муайян намудани мавқеи худ дар ҷомеа ва пешрафти он вобаста мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои Миллат, Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ махсус таъкид намдудаанд, ки “Имрӯз мубориза бар зидди терроризми байналмиллалӣ ва экстремизм ба хотири ҳифзи манфиатҳои миллӣ, сохти конститутсионӣ ва истиқлолияти кишвар вазифаи муқаддастарини тамоми мақомоти давлатӣ ва ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.”

Ҳар як шаҳрванди кишвар бояд ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда расида, ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳад ва ҳаргиз фирефтаи таблиѓоту ақидаҳои бебунёди ифротӣ нашавад. Маҳз истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ноил шудан ба дастовардҳои муҳим дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангии ҷавонон нақши босазо гузошта, ба ташаккули фарҳанги сиёсии ҷавонон ва тадриҷан фароҳам овардани имкониятҳои васеи рушду такомули ҷавонон дар шароити мураккаби тағйирёбии сохториву ҷамъиятӣ мусоидат намуд, ки саҳми ҷавонон дар ин раванд хеле самарабахш арзёбӣ мегардад. Вазъияти сиёсӣ дар ҳама давру замон ба неруҳои гуногуне, ки онҳо дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии давлат нақши муассир доранд, такя мекунад.Имрӯз ҷавонони мо ҳамчун нерӯи бузурги бунёдгару созандаи мамлакат эътироф шудаанд. Зеро имрӯз Тоҷикистон аз назари демографӣ дар ҳоли рушди доимӣ қарор дорад ва аз нисф зиёди аҳолӣ, яъне қувваи асосии пешбарандаи онро ҷавонон ташкил медиҳанд. Табиист, ки бе иштироки фаъолонаи чунин нерӯи бузург рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии давлатамонро тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Мо, ҷавонони бо нангу номуси тоҷик, нерӯи пешбаранда ва такондиҳандаи ҷамъият барои тақдири имрӯзу ояндаи давлату миллат, рушду ободии мамлакат, дар арсаи ҷаҳон ва миёни давлатҳои мутамаддини олам мақоми шоиста ёфтани Тоҷикистони азиз масъулияти бузург бар дӯш дорем. Мо идомадиҳандаи таъриху фарҳанги қадимаи ватани худ, сарчашмаи ташаббусҳои бузург, манбаи ғояҳои нав, эҷодкори тақдири имрӯзу ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳастем.

Ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ ва пойдории суботи сиёсии ҷомеа мо ҷавонон бояд муттаҳид бошем бар зидди ҷинояткорӣ якҷоя ва дастҷамъона мубориза барем, ба фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ ҳамаҷониба мусоидат намоем. Ояндаи миллат ва кишвари азизамон дар дасти мо мебошад. Бинобарон мо, ҷавонон, бояд пайрави ҳамешагии Пешвои миллатамон дар роҳи бунёдкории Тоҷикистони соҳибистиқлол бошем.

Мо - ҷавонони даврони Истиқлол, нерӯи ояндасози миллати тоҷик ваъда медиҳем, ки ҳамеша дӯсту иттифоқ бошем, доимо бо баҳои аъло таҳсил намуда, дар оянда мутахассиси хуб ба воя расида барои гул-гулшукуфоии давлати хеш саҳмгузор бошем.

Кафедраи нигаҳдории тандурустии

 ҷамъиятӣ ва омори тиббӣ бо курси таърихи тиб

 


23.05.2025 220

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php