СИМОИ ВОҚЕИИ ИНСОНГАРОӢ ДАР ШАХСИЯТИ ЯК ДОНИШМАНД


СИМОИ ВОҚЕИИ ИНСОНГАРОӢ ДАР ШАХСИЯТИ ЯК ДОНИШМАНД

Ҳар шахсияти бузург натанҳо бо илм ва касбу ҳунари худ шинохта мешавад, балки бо хислатҳои инсонӣ, ахлоқи ҳамида ва муносибати гарму самимӣ бо мардум ҷойгоҳи хос меёбад.  Яке аз чунин афрод, ки дар илму амал, хоксорӣ ва инсонпараварӣ намунаи олии шахсияти комил гаштааст, доктори илмҳои тиб, профессор  Додхоҳ Ҷамшед Саидбобо мебошад.

Доктор Додхоҳ Ҷамшед натанҳо табиби асил ва донишманди шинохта, балки инсоне бо фазилатҳои баланд, шахси саропо ахлоқу фурӯтанӣ ва ғамхор нисбати ҷомеа аст. Солҳои тӯлонӣ фаъолияти пурмасъулият ва судманди эшон дар сҳаи тандурустӣ ва омӯзиши илмҳои тиб бо дастовардҳои арзишманд тавъам буда, насли зиёди табибон ва муҳаққиқон аз мактаби илмии ӯ баҳра гирифтаанд.

Ӯ бо кору фаъолияти худ дар арсаи илмҳои тиббӣ, махсусан дар самтҳои муҳими ҳифзи тандурустии модару кӯдак, амалӣ сохтани таҳқиқотҳои клиникӣ ва баланд бардоштани сифати таълим дар Донишгоҳ саҳми босазо гузоштааст. Муаллифи садҳо мақолаҳои илмӣ, монографияҳо ва корҳои илмӣ-методӣ буда, бо кӯшиши пайваста барои пайванди илм ва амалияти тиб саъй намудаст.

Ҳамзамон, хоксорӣ ва муҳаббати инсонӣ ба дили ҳар шогирд, ҳамкор ва бемор роҳ кушодааст. Табибе, ки қабл аз дору ҳамеша сухани меҳрубоне меёбад; устоде, ки шогирдро натанҳо бо дониш, балки бо меҳру садоқат тарбия мекунад.

Бахшида ба зодрӯзи мавлудаш, ки барои ҳамаи онҳое, ки бо ӯ кор кардаанд ва аз ӯ омӯхтаанд, як рӯзи хос аст, бо камоли эҳтиром ва самимият табрик гуфта, барояшон сиҳатии комил, умри дароз ва нерӯи тоза дар кору фаъолият хоҳонем. Меҳри халқ ва эҳтироми ҳамкасбон гувоҳ бар онанд, ки роҳи интихобкардаи эшон роҳи ростини инсонгароиву фидокорист.

Зодрӯз муборак бошад, устоди гиромиқадр !


21.05.2025 18

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php