КАФЕДРАИ АКУШЕРӢ ВА ГИНЕКОЛОГИИ № 2: РОҲИ ТАЙШУДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС


КАФЕДРАИ АКУШЕРӢ ВА ГИНЕКОЛОГИИ № 2: РОҲИ ТАЙШУДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС

Кафедраи акушерӣ ва гинекология яке аз бахшҳои муҳимми Донишгоҳ ба ҳисоб меравад, ки дар самти омодасозии мутахассисони баландихтисос дар соҳаи тандурустии модару кӯдак нақши назаррас дорад. Кафедра пайваста барои рушд додани маҳорати касбии табибони оянда ва мутобиқ намудани маҳорати касбии онҳо чораҳои зарурӣ пиёда намуда, дар тӯли фаъолияти пурсамар ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Баланд бардоштани сифати таълим, рушди маҳорати касбӣ, пешбурди корҳои илмӣ –тадқиқотӣ ва муолиҷавию тарбиявӣ ҳадафҳои асосии имрӯзаи кафедраи акушерӣ ва гинекологии № 2-и Донишгоҳ ба ҳисоб меравад. Роҳбарияти кафедра дар ҳамкорӣ бо дигар ниҳодҳои марбут ба соҳа ҳамкориҳо ба роҳ монда, ташкилу баргузор намудани семинарҳои илмӣ ва дарс-лексияҳои муфидро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондааст. Ҳамкориҳои хориҷии кафедра низ солҳои охир тақвият ёфта истодааст.

Санаи 20 майи соли 2025 бо ташаббуси кафедра видеоконференсияи илмӣ-амалӣ бо кафедраи акушерӣ ва гинекологияи №3 Донишгоҳи давлатии тиббии Самарқанд  ба роҳ монда шуд, ки дар баланд бардоштани маҳорати касбии табибон нақши муассир гузошт. Хотиррасон бояд кард, ки ташкили чунин чорабиниҳои судманд  дар кафедраи мазкур ба ҳукми анъана даромадааст.

Бо намояндагии ҷониби Тоҷикистон дар конференсия доктори илмҳои тиб, профессор Камилова М.Я. бо мавзӯи «Консепсияи ROSE ва хунравиҳои акушерӣ» баромад намуданд. Мавзӯи мазкур ба баланд бардоштани сатҳи омодагӣ, шинохти барвақт, вокуниши босамар ва арзёбии пайомадҳои хунравиҳои акушерӣ бахшида шудааст.

Аспиранти кафедра Косимзода Ҷ.натиҷаҳои таҳқиқоти худро дар мавзӯи  «Результаты краткосрочной терапии анемии беременных» ба таври муаррифӣ карданд.

Рафти видеоконференсия бо мубодилаи афкор, саволу ҷавоб ва муҳокимаи фаъол  сурат гирифт. Ин чорабинӣ ҳамчун як иқдоми муфид дар самти ҳамкорӣ, рушди илмӣ ва муаррифии таҷрибаи клиникӣ миёни устодон ва мутахассисони соҳа дониста мешавад.

Кафедраи акушерӣ ва гинекологии №2

 


21.05.2025 31

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php