ВАХДАТ МЕВАИ ШАҲДБОРИ ИСТИҚЛОЛ


ВАХДАТ МЕВАИ ШАҲДБОРИ ИСТИҚЛОЛ

Дар кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона  аз ҷониби ассистенти кафедра Ғиёсов А.А. дарси кушод дар мавзӯи: “Вахдат меваи шаҳдбори Истиклол”  бо иштироки кормандони кафедра ва донишҷӯёни курси 3-юми факултети тиббии гурӯҳи 77-ум гузаронида шуд. Маърӯзаро донишҷӯёни гурӯҳи номбурда пурмазмун пешкаши ҳамагон намуданд.

    Ваҳдат - беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумуи даврон, ҳастии инсон дар ҳар замину замон аст. Ваҳдат  муттаҳидӣ, ягонагӣ  ва ҳамбастагии мардуми Тоҷикистон барои расидан  ба ҳадафҳои  муштараки миллӣ. Ваҳдат на танҳо як мафҳуми сиёсӣ, балки як арзиши иҷтимоӣ ва фарҳангӣ аст, ки мардуми  Тоҷикистонро муттаҳид мекунад, новобаста аз фарқиятҳои минтақавӣ, мазҳабӣ ё этникӣ. Ҳамасола санаи 27 июн ҳамчун рӯзи фаромӯшнашаванда  барои  ҳамаи  фарди  ҷомеа дар кишвари  азизамон мебошад, маҳз дар ҳамин  санаи  хотирмон, қарори  умуми миллии тақдирсози  миллат, бо ташаббуси  Асосгузори  Сулҳу Ваҳдати  миллӣ Пешвои  миллат муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  сурат гирифт. Истиқлолият ба Тоҷикистон имкони худмуайянкунӣ дод, аммо бе ваҳдати миллӣ ин истиқлолият дар хатар буд. Ваҳдат ба Тоҷикистон имкон дод, ки аз як давлати осебпазир ба давлати устувор табдил ёбад.

Ваҳдат ва сулҳи умумибашарии  Тоҷикистон орзу ва умеди ҳар як фарди он аст. Дар арсаи ҷахон айни замон бисёр давлатҳое ҳастанд, ки ниёз ба ин неъмати бебаҳо доранд. Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии  халқи тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Миллали Муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои олам  гардидааст. Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ гуё пандест аз гузаштаи дурру пешрафти маънавиёти кишвар. Танхо бо рохи ваҳдат, якдигарфаҳмии  истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро  устувор карда метавонем. Ваҳдати милли  имкон дод, ки захираҳои кишвар барои рушди иқтисодӣ истифода шаванд. Ин дастовардҳо натиҷаи суботи  сиёсӣ ва ягонагии мардум аст.

Кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона


21.05.2025 19

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php