ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАВОНОН ДАР ДОНИШГОҲ


ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАВОНОН ДАР ДОНИШГОҲ

Имрӯз, 20-майи соли ҷорӣ дар толори “Сино”-и Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарият, ҳайати профссорону омӯзгорон, муҳассилин ва намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои тиб, профессор Муҳиддин Нуриддин Давлаталӣ донишҷӯёну муҳассилин ва дар симои эшон тамоми ҷавонони саодатёри Тоҷикистони соҳибистиқлолрор ба муносибати ин санаи фархунда табрику муборакбод намуда, изҳор доштанд, ки ҷавонони зодаи Истиқлол пайваста  зери таваҷҷӯҳи сиёсати ҷавонпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд ва ин боиси сарфарозии кулли ҷавонони кишвар аст.

Чорашанбезода Сураҷ Сайнак-муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар номаи табрикотиашон аз иқболи баланди ҷавонони мамлакат тавсиф намуда, изҳор доштаннд, ки миллат бо фарзандони хеш-созандагони ояндаи Ватан ифтихор менамояд. Таъкид гардид, ки имрӯз ҷавонон дар ҳамаи соҳаҳаои ҳаётан муҳимми кишвар  ва берун аз он нақши калон доранд ва парчамбардори меҳани хеш ҳастанд. Ҳам дар соҳаи таълим, илм, варзиш ва дгар самтҳо саҳми ҷавонону наврасон боиси таҳсину офарин аст. Роҳбарияти Кумита аз иқдомҳои неки раёсати Донишгоҳ дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон  изҳори хушнудӣ намуда, онро ҷавоб ба ғамхориҳои роҳбарияти Олии сиёсии мамлакат дар самти дастгирии ҷавонон маънидод намуданд.

Дар идомаи чорабинӣ як қатор ҷавонони муваффақ, ки дар Моҳвораи ҷавонон ва давоми соли таҳсил ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд бо сипосномаҳо ва мукофотҳои пулӣ дар фазои тантанавӣ қадрдонӣ  шуданд.

Чорабиннии фарҳангии таҳиянамудаи дастаи ҳунарии “Шифо” маъракаи идонаро боз ҳам таровати тозаву ҷолиб бахшид.

ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕАИ

ХАДАМОТИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ


13
12
11
10
9
8
7
6
5
4
3
2
1
20.05.2025 22

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php