ТАШРИФИ ДОТСЕНТ ҶУСУПОВ КЕНЕШБЕК ОСКОНБОЕВИЧ БА ДОНИШГОҲ ДАР ДОИРАИ ЛОИҲАИ ERASMUS+ BERNICA ВА МУБОДИЛАИ АКАДЕМӢ


ТАШРИФИ ДОТСЕНТ ҶУСУПОВ КЕНЕШБЕК ОСКОНБОЕВИЧ БА ДОНИШГОҲ ДАР ДОИРАИ ЛОИҲАИ ERASMUS+ BERNICA ВА МУБОДИЛАИ  АКАДЕМӢ

Аз 12 то 17 майи соли ҷорӣ, Ҷусупов Кенешбек Осконбоевич — дотсент, мудири кафедраи тандурустии ҷамъиятии Мактаби олии байналмилалии тиббӣ (МОБТ)  ба Донишгоҳ ташриф овард. Сафари мазкур дар доираи лоиҳаи Erasmus+ BERNICA ва барномаи мубодилаи  академӣ баргузор гардид.

Дар ҷараёни сафар, Кенешбек Осконбоевич ҳамчун ҳамоҳангсози асосии лоиҳаи BERNICA, аз раванди татбиқи лоиҳа дар донишгоҳ дидан намуда, мониторинги муфассал анҷом дод. Гурӯҳи кории лоиҳа аз ҷониби ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино  натиҷаҳои бадастомадаро барои давраи ҳисоботӣ пешниҳод намуд. Инчунин, баррасии ҳадафҳои лоиҳа ва муҳокимаи чорабиниҳои оянда сурат гирифт, ки дар он тавсияҳои муҳиме ҷиҳати беҳтар намудани фаъолияти лоиҳа пешниҳод гардиданд.

Тибқи барномаи мубодилаи академӣ аз ҷониби  дотсенти даъватшуда -Кенешбек Осконбоевич дар кафедраи беҳдошти муҳити зист  барои донишҷӯёни ватанӣ  ва хориҷӣ лексияҳо ва машғулиятҳои амалӣ гузаронида шуданд, ки  онҳо ба  масъалаҳои мубрами тандурустии ҷамъиятӣ ва ҷанбаҳои ҷаҳонии рушди соҳаи тандурустӣ равона гардида буданд.

Сафари мазкур ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба  байни муассисаҳои таълимӣ мусоидат намуда, ба рушди минбаъдаи ташаббусҳои байналмилалии таълимӣ ва илмӣ дар доираи лоиҳаи Erasmus+ BERNICA такони нав бахшид.


19.05.2025 64

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php