ХУШХАБАР АЗ НАТИҶАИ ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВӢ
17-майи соли 2025 дар Донишкадаи байналмилалии Леваканти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон маросими ҷамъбасти даври ниҳоии Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар баргузор гардид. Дар Олимпиадаи мазкур донишҷӯи курси 6-уми факултети тиббӣ Донов Орзу аз рӯи равияи фанҳои табиатшиносию риёзӣ аз фанни ХИМИЯ ҷои 1 -ро ишғол намуданд. Раёсат, Иттифоқи касаба донишҷӯён, садорати факултети тиббӣ донишҷӯи ғолибро зери роҳбарии мудири кафедраи кимиёи биоорганикӣ ва физколоидӣ, дотсент Қиматзода Р. С. ба ин дастоварди назаррас табрику муборакбод менамоянд.
Тибқи иттилои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон олимпиадаи мазкур бо иштироки 467 нафар донишшҷӯ аз 44 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар 15 фанни таълимӣ дар ду бахш-илмҳои гуманитарӣ ва илмҳои табиӣ, дақиқу риёзӣ баргузор гардида буд.