ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО БА ХОТИРИ РУШДИ ФАРДО
Дар солҳои охир ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи Донишгоҳ бо муассисаҳои таҳсилоти олии соҳаи тандурустии Федератсияи Русия ба таври назаррас густариш ёфта, ба рушди таҳсилот ва омодасозии мутахассисони баландихтисос мусоидат менамояд.
Дар доираи чунин ҳамккориҳои судманд бо даъвати ҷониби Донишгоҳи давлатии тиббии шаҳри Қазон ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои тиб, профессор Муҳиддин Нуриддин Давлаталӣ ба шаҳри Қазон сафар карда, қарор аст, ки дар XI Конференсияи байналмилалии таълимӣ-методӣ таҳти унвони “Таҳсилоти тиббӣ: интихоби мутахассисони асри ХХI” иштирок ва суханронӣ намоянд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки имрӯз дар шаҳри мазкур шартномаи ҳамкорӣ барои мубодилаи академӣ байни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ва Донишгоҳи давлатии тиббии шаҳри Иркутск низ аз тарафи ректорони ду ҷониб ба имзо расиданд.
Дар ҷараёни ин сафар роҳбарияти Донишгоҳ дар ХV Форуми байналмилалии иқтисодии “Русия-ҷаҳони ислом: KAZAN FORUM-2025”, ки рӯзҳои 14-16-уми май доир мегардад, ширкат меварзанд.
ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА