ПРЕЗИДЕНТ ВА ЭҲЁИ "РОҒУН" БАЪД АЗ 42 СОЛ


ПРЕЗИДЕНТ ВА ЭҲЁИ "РОҒУН" БАЪД АЗ 42 СОЛ Аввалин бунёдкорони Неругоҳи барқи обии “Роғун”моҳи сентябри соли 1976, замоне ки кишвари мо шомили Иттиҳоди Шуравӣ буд, ба кор оғоз намуданд, вале бо сабабҳои маълуму номаълум танҳо дар замони истиқлол ва баъди сипарӣ шудани 42 сол, аниқтараш 16-уми ноябри соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ агрегати якуми онро ба кор дароварданд. Тули 42 сол ин азимтарин лоиҳаи асрҳои ХХ ва ХХI дар Осиёи Марказӣ ва нодиртарин иншооти гидроэнергетикии олам чи таҳаввулоту рӯзҳоеро аз сар гузаронд!
Дар даврони Иттиҳоди Шуравӣ бунёди НБО "Роғун" ду давраро фаро гирифт. Давраи омодагӣ барои сохтмон (солҳои 1976-1987) ва давраи сохтмон (солҳои 1987-1993).

Моҳи сентябри соли 1976 нахустин бинокорон дар Роғун хаймаҳои худро заданду идораҳои маъмурияшонро сохтанд. Дар ин вақт 300 корхонаи азими Иттиҳоди Шуравӣ дар корҳои бунёди дастгоҳ ва механизмҳои НБО “Роғун” ҷалб шуд. Як нишонаи эътибори ҷиддӣ додан ба НБО “Роғун” ин буд, ки дар ҷамъбасти соли 1986 дар Роғун бо ташаббуси Вазорати энергетика ва электрофикатсияи СССР маҷлиси машваратии умумииттифоқии кормандони соҳаи гидроэнергетика баргузор гардид. Ин маҷлис барои сохтмони “Роғун” нақшаи аниқ пешниҳод кард. Дар он марҳалаҳои муҳими эъмори боргоҳи нур мушаххасан муқаррар шуда буданд. Муайян гардид, ки охири соли 1987 маҷрои дарёи Вахшро баста, соли 1989 агрегати якум ба кор андохта мешавад. Соли 1990 анҷом додани сохтмони шаҳри Роғун ва соли 1993 пурра ба истифода додани Маҷмааи гидроэнергетикии «Роғун» муқаррар гардид.
Аз соли 1987 корҳои нақбканӣ оғоз гардида, 27-28-уми декабри ҳамон сол маҷрои дарёи Вахш дар ҷойи бунёди иншооти асосии Неругоҳ баста шуд. Ҳамин тариқ, то ибтидои соли 1993 дар масофаи 21 километр нақбҳо омода ва сохтмони сарбанд ба 40 метр расонда шуда буд. Вале сели даҳшатноки моҳи майи соли 1993 тамоми иншооти НБО “Роғун”-ро пурра хароб ва пур аз лойқа намуда, садди обанборро шуста буд. Дар натиҷа, корҳое, ки дар муддати шаш сол ба маблағи 804 миллион доллари ИМА иҷро шуда буданд, талаф ёфт. Акнун минбаъд дар бунёди НБО "Роғун" на танҳо имкони корро идома додан барҳам хӯрд, балки ташвиши зиёдатӣ пайдо гашт; бояд акнун тамоми иншоот ва таҷҳизот аз лойқа тоза карда мешуд. Ман бо чашми сар дидам, ки чи тавр таҷҳизоти барои бунёди НБО "Роғун" истифодашаванда, аз ҷумла экскаваторҳои азим, дар бинои толори агрегатҳо зери лойқа монда, як қисми онҳо корношоям гардида буданд.

 Бояд гуфт, ки тамоми ин солҳо дар назди ширкати “Барқи Тоҷик” корхонае бо номи Мудирияти сохтмони Неругоҳи барқи обии ”Роғун” мавҷуд буд. Вале он имкони идома додани сохтмонро надошт. Фақат манфиаташ дар он зоҳир мешуд, ки иншоот ва таҷҳизотро нигоҳ медошт ва аз талаю тороҷшавӣ муҳофизат менамуд. Он солҳо Тоҷикистон дар гирдоби муноқишаҳои дохилӣ буд ва касеро бунёди НБО “Роғун” ба гӯшаи хаёлаш намеомад.
Танҳо баъди ба сари қудрат омадани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва маҳз бо азму талоши ӯ дар бунёди НБО “Роғун” ҷунбиши ҷиддӣ ба миён омад. Халқ бо Президент дар як саф буд ва Тоҷикистони азизро бо ҷодаи нур ба пеш, ба сӯи ояндаи дурахшон мебурд. Муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Тоҷикистон (5-уми январи соли 2010), ки аз самимитарин орзуҳои Пешвои миллат бобати дар арсаи ҷаҳон мақоми шоистаи худро пайдо намудани миллату давлати мо иборат буд, моҳияти асли НБО “Роғун”-ро ба ҳар сокини кишвар шарҳу тавзеҳ дод ва халқро бо Сарвари нурпарвари худ боз ҳам наздиктар намуд. Дар Муроҷиатнома зикр мешуд, ки то шаст фоизи захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ дар ҳудуди кишвари мо ташаккул меёбанд ва дар сурати истифодаи оқилонаву самарабахши ин захираи бузурги гидроэнергетикӣ мо имкон дорем, ки дар як сол садҳо миллиард киловатт-соат неруи барқ истеҳсол намоем.

 Он рӯз Сарвари давлат ба ҳамватанони гиромӣ муроҷиат карда, аз ҷумла гуфтанд: “Роғун” на танҳо манбаи нуру рӯшноӣ, балки санги маҳаки номуси миллӣ, шарти иқтидору пойдории давлат ва омили асосии таъмини амнияти миллат ва давлати Тоҷикистон мебошад”.
Ба тарафдории Муроҷиатнома мардум ба намоишҳо баромада, ҳамдилии худро изҳор менамуданд ва саҳми худро дар бунёди ин иншооти нангу номуси миллӣ мегузоштанд. Ягон душвориҳои сунъиву табиӣ азму иродаи мардумро шикаста натавонист.
29-уми октябри соли 2016 бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди сарбанди НБО “Роғун” оғоз гардид. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон булдозери вазнинро идора карда, аз соати 10 то 11:30 бо пеш намудани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро баста, шахсан бунёди сарбанди НБО “Роғун”-ро оғоз бахшиданд. Ин фоли нек буд, он булдозери гарон на танҳо пеши маҷрои дарёро баст, балки давоми ҷодаи бунёди НБО “Роғун”-ро ҳамвор намуд.

Ҳамин тариқ, 16-уми ноябри соли 2018 агрегати якуми НБО “Роғун” ба кор оғоз кард. Ин воқеа дар таърихи давлатдории миллати тоҷик рӯйдоди тақдирсоз буд. Қадами қатъӣ ба сӯи ояндаи дурахшон, боварии мардум ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва рушду ояндаи мо буд. Ин нишонаи бузургӣ, нусрат ва музаффарияти таърихии миллати тоҷик буд.

Нозир ЁДГОРӢ, нависанда
(Давом дорад)



15.05.2025 160

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php