ҶАВОНОН – НЕРӮИ СОЗАНДА ВА ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ КИШВАР


ҶАВОНОН – НЕРӮИ СОЗАНДА ВА ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ КИШВАР

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки худ давлати ҷавон асту сарфи назар аз ин, дар ҷодаҳои амният, сиёсат, иқтисод, илм, маориф, фарҳанг ва амсоли инҳо бо пешрафтҳои назаррас ноил гардидааст, аз хизматҳои шоҳкоронаи як қатор фарзонафарзандони барӯманди он дарак медиҳад. Мусаллам аст, ки дар таҳкими сулҳу субот ва ба даст овардани Истиқлолу расидан ба Ваҳдати миллӣ ҷонталошиву хизматҳои бесобиқаи зиёде сурат гирифтааст, ки дар ин саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикиистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷойгоҳи хоса дорад. Хушбахтона, ин неъмати бебаҳо то ба ҳол дар самои поку беолоиши Тоҷикистон якҷо бо насли хушбахту ҳамқадами худ – ҷавонони хуштолеъ ҷилвагарӣ менамояд.

Насли ҷавони саодатманду некиқболи тоҷикро мебояд, бо шукргузорӣ аз ин даврони шукуфоӣ, ки дар таърих ногузир аст, аз пайи омӯзиш шуда, дар гиромидошти Истиқлол ва пешрафти давлат саҳми бориз гузоранд. Тавре маълум аст, Пешвои миллат нисбат ба ҷавонон эътимоду боварии амиқ дошта, дар Паёми шодбошии худ ба муносибати Рӯзи ҷавонон (22. 05. 2023) ин қишри ҷомеаро нерӯи созанда ва бунёдкор унвон кардаанд: “Мо дар сиёсати худ ҷавононро нерӯи созандаву бунёдкор, пешбарандаи ҷомеаи навини кишварамон ва ояндаи халқамон эълон кардем ва дар ҳалли ҳамаи масъалаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат то имрӯз ба онҳо такя мекунем.” Ҳамзамон, дар ин самт эътимоду боварии Президенти мамлакат ба ҷавонон зиёд аст, ки фаъолияти онҳо дар мақомоту корхонаҳои давлатӣ шаҳодати ин гуфтаҳост. “Мо ба ҷавонони бонангу номуси худ ва ба эҳсоси гарми ватандӯстии онҳо бовари бузург дорем, бо онҳо ифтихор мекунем, зеро онҳо, воқеан, соҳибону бунёдгарони ояндаи Ватан ва идомадиҳандагони кору фаъолияти созандаи мо ҳастанд.”

Ғамхории Ҳукумати Тоҷикистон, хоса Пешвои миллат, дар роҳи омӯзишу баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллии ҷавонон шоистаи таҳсин аст. Шароит фароҳам намудан барои ҷавонон дар роҳи омӯзишу маърифатнок гардидан ва бо донишу малакаи хуби корӣ дар оянда баҳри боз ҳам беҳтар намудани Тоҷикистони азиз хизмат намудан аз маҳаки асосии сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат оид ба ҷавонон маҳсуб мешавад.

Илова бар ин ҳама ғамхориҳои Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз эълон намудани соли 2017-ро “Соли ҷавонон” далолат бар он мекунад, ки, дар воқеъ, таваҷҷуҳи давлат ба ин қишри ҷомеа басо бузург аст. Имрӯз ҷавони тоҷик аз он мефахрад, ки дастгириҳои пай дар пай ва ғамхоронаи бевоситаи Пешвои миллат дар ҳама самт барояшон равона гардидааст. Ҳамзамон, барои ҷавонони ихтироъкору навовар имконоти васеъро Ҳукумати мамлакат фароҳам овардааст. Сарвари давлат дар Паём иброз доша буданд, ки Ҳукумати Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият фароҳам меорад.

Ҷавонони имрӯзаи Тоҷикистон бояд дар раванди ҷаҳонишавӣ ё худ глобализатсия аз ҳар ҷиҳат омода бошанд. Онҳо мебояд, бо дониши баланди сиёсӣ, нерӯи бунёдкорона, ҳифзи шарафу номуси ватандорӣ ва амсоли инҳо дар пешбурди ҳаёти иҷтимоиву сиёсии мамлакат, ки аз рукнҳои ҳаётан муҳим маҳсуб меёбад, ба фаъолият пардозанд.

Боиси таассуф ҳам ҳаст, ки бархе аз ҷавонон аз бешууриву ҷоҳилии аз андоза берун ба ҳар гуна гурӯҳу ташкилотҳои аҳамияти тераризму экстремизмидошта пайваст шудаанд, ки ин ба ҷуз аз хиёнат ба Ватан-модар ва пушаймонии амиқ чизе ба бор нахоҳад овард. Мусаллам аст, ки шахси бедодонишу дур аз фаҳми закиву зарофат монда ба ин гуна гурӯҳҳо ҳамроҳ мешавад ва, албатта, бар хилофи ин, ашхоси бомаърифату худогоҳ ва хештаншинос бо дониши сиёсии қавӣ ва зиракиву ҳушёрӣ дар таъмини амнияти давлат пайваста талош меварзаду барои решакан намудани ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, ки на танҳо ба Тоҷикистон, балки ба тамоми ҷомеаи ҷаҳон зарари амиқи худро мегузорад, кӯшиш ба харҷ медиҳад. Вобаста ба ин, Пешвои миллат дар Паёми соли 2017 ки ба Маҷлиси Олӣ ироа гардида буд, ба насли ҷавон чунин таъкид карда буданд: “Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои Истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд”.

Инчунин, перомуни бархӯрди тамаддунҳо ва таъсири манфии унсурҳои фарҳангиву тамаддуни аҷнабӣ ибрози назар намуда буданд, ки дар ин самт низ ҷавонон ҳушёриву зиракии хешро аз даст надода, манфиату арзишҳои миллиро мавриди ҳимояи ҳамаҷониба қарор диҳанд ва бар зидди ҳама гуна таҳдиду хатарҳои бар зидди давлату миллати худ равонагардида мубориза бурда тавонанд.

Бояд зикр кард, ки мавриди таваҷҷуҳи зиёд қарор гирифтани ҷавонон дар сиёсати Пешвои миллат аҳамияти хос дорад. Албатта, таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар ба ҷавонон бесабаб нест, зеро пойдевори асосии давлату миллат, маҳз, насли наву оянда, ё худ наврасону ҷавонон дониста мешавад. Аз ҳамин лиҳоз, ҷиҳати пурқувват ва мустаҳкам намудани ин пойдевор кӯшиш ба харҷ додан аз аҳамияти калон бархурдор аст. Бо назардошти ин, ҷавонон дар ҷавоб ба ғамхориву дастгирии Пешвои миллат ҷавобан дар рӯ ба беҳбуд бахшидани ҳаёти маданиву адабӣ, сиёсиву ҷамъиятӣ, илмиву фарҳангӣ амалан содиқона ва холисона хизмат намоянд.

Ҳамин тавр, метавон хулоса кард, ки Тоҷикистон дар ояндаи наздик ба фардои дурахшоне рӯ ба рӯ хоҳад шуд, зеро гомҳои устувори ҷавонони бонангу номуси Ватан аз фардои дурахшони кишвари азизамон шаҳодат медиҳад.

 

 

Хушрӯз Рабиқов-мутахассиси шуъбаи тарбия


13.05.2025 197

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php