ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ОИЛА ДАР ДОНИШГОҲ


ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ОИЛА ДАР ДОНИШГОҲ

Санаи 12.05.2025 дар толори «Сино»-и Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдии Донишгоҳ чорабинии маърифатӣ-фарҳангӣ зери унвони «Оилаи солим-бунёди ҷомеаи солим» бо иштироки муовини раиси ноҳияи Сино – Сафарализода Ситора Сафаралӣ, Раёсат ва ҳайати профессорону омӯзгорон, оилаҳои намунавӣ аз Донишгоҳ, инчунин донишҷӯён баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузор намудани ин чорабинӣ муқаддас донистани арзишҳои оиладорӣ, нигоҳдории меҳру шафқат ва якдигарфаҳмӣ дар оила, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, масъулияти волидайн дар тарбияи фарзанд, фарзандонро барои ҳаёти мустақилона омода кардан, ҳамзамон дар ин радиф дар муҳити солим пойдор нигоҳ доштани оила мебошад.

         Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии муовини ректори Донишгоҳ оид ба тарбия – Аҳрориён Зарина Асрор оғоз ёфт. Аҳрориён З.А. зимни баромади хеш иброз дошт, ки оила барои ҳар як инсон арзиши муқаддас маҳсуб мегардад, ки ба эҳёи тамаддунҳо замина гузошта, дар зиндагии инсоният ва пешрафти мадании ҷомеа нақши муҳимро мебозад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи арзишҳои оила ва ба роҳ мондани тарбияи фарзанд дар муҳити оилаи солим таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Ғамхорӣ нисбат ба ин рукни муҳими ҷамъият аз тарафи роҳбарияти кишвар буд, ки соли 2015 ҳамчун Соли оила эълон гардид. Ҳадаф аз ин иқдоми Пешвои миллат баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, таҳкими оила ва танзими муносибатҳои оилавӣ арзёбӣ карда мешавад.

         Сипас муовини раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Сафарализода Ситора Сафаралӣ баромад намуда, вобаста ба ин санаи ҳозиринро табрику таҳният гуфта, қайд намуд, ки маҳз дар оила зиндагии инсон оғоз меоёбаду одамзод аз меҳру муҳаббат, эҳтиром ва хурсандиву хушҳолӣ воқиф мегардад. Оила дар тарбияи насли наврас нақши муҳим бозида, барои рушду такомули ҳаёти ҷамъиятӣ мусоидат мекунад.

         Инчунин, дар идома аз тарафи раиси Шурои занон ва духтарони Донишгоҳ бо оилаи намунавии Донишгоҳ – Холматовҳо мусоҳиба анҷом дода шуд. Зимни мусоҳиба доктори илми тиб, профессори кафедраи оториноларингология – Холматов Ҷамол Исроилович ҳамроҳи ҳамсарашон – Мухаммедова Маҳбуба Султоновна, ки ҳарду ҳам беш аз 40 сол дар самти тандурустӣ фаъолияти пурсамар намуда истодаанд, аз таҷрибаи оилаи худ ба ҳозирин қисса намуда, ба ҷавонон атрофи ҳамдигарфаҳмӣ дар муҳити хонавода маслиҳатҳо доданд.

         Сипас бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила дар вазъияти тантанавӣ оилаҳои намунавии Донишгоҳ бо сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд.

         Дар фарҷом баҳри болидахотирии ҳозирин барномаи ҷолиби фарҳангӣ бо иштироки дастаи ҳунарии “Шифо”-и Донишгоҳ намоиш дода шуд.

Муовинати тарбия

 


7
5
6
4
3
2
1
13.05.2025 240

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php