ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНГУЗОРӢ ДАР САМТИ ИСТИФОДАИ НОДУРУСТИ НЕРӮИ БАРҚ
Санаи 30.04.2025 бо ташаббуси МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино» ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши маърифатӣ вобаста ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ ва тағйиру иловаҳо ба қонунгузорӣ дар самти истифодаи нодурусти нерӯи барқ бо ҳузури Прокурори калони Раёсати назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, поковники адлия – Холов Раҳматулло ва иштироки васеи кормандону омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳ баргузор гардид.
Ҳамоишро сардори шуъбаи тарбияи Донишгоҳ – Муродов Ш.Д. оғоз бахшида, ҳузури намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Донишгоҳ хайрамақдам гуфт. Ҳамзамон, иброз дошт, ки Раёсати Донишгоҳ зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои муҳим андешида, дар омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи тандурустӣ саҳми беназир гузошта истодааст.
Сипас, Прокурори калони Раёсати назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, поковники адлия – Холов Раҳматулло баромад намуда, иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз оғози ба сари ҳукумат омадан, халқи тоҷикро ба сарфаю сариштакорӣ ҳидоят намуда, дар баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум қадами шоиста гузоштанд.
Ҳанӯз соли 2009 дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр ёфта буд: «Мо бояд ба маданияти истифодабарӣ ва сарфакории неруи барқу газ ва об эътибори ҷиддӣ диҳем. Дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла, Аврупо, чунин маданиятро дар мактабҳо аз синни хурдсолӣ тарғиб менамоянд». Мусаллам аст, ки норасоии неруи барқ дар пешқадамтарин мамолики ҷаҳон низ эҳсос мегардад ва онҳо низ дар ин роҳ сарфакориро як навъи устувори таъминоти энергетикӣ ҳисобидаанд. Аз ин рӯ, бояд дарк намоем, ки дар баробари бунёди иқтидорҳои истеҳсолӣ сарфакорона истифода бурдани неруи барқ омили муҳими рушди бомароми иқтисодиёти кишварамон мебошад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки перомуни сарфаву сариштакорона истифода намудани неруи барқ ҳанӯз соли 2009 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия” ба имзо расида буд, ки ҳадафи он истифодаи дурусту самараноки неруи барқ буд. Чунончи зикр меравад: “Бо мақсади таъмини ҳарчи бештари аҳолӣ бо неруи барқ ва ба роҳ мондани истифодаи сарфаҷӯёнаи он, инчунин баҳрабардории васеъ аз асбоб ва таҷҳизоти каммасрафи барқӣ, мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам: Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 - уми майи соли 2009 гузаштан ба истифодаи лампаҳои каммасрафи барқӣ оғоз карда шавад”.
Ахиран, 2-юми апрели соли ҷорӣ Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро, ки бо мақсади пурзӯр намудани ҷавобгарии шахсони воқеӣ, мансабдор ва ҳуқуқӣ барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ таҳия гардидаанд, қабул карда шуд.
Дар асоси тағйиру иловаҳои моддаи мазкур, барои истифодаи қувваи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ, худсарона пайваст шудан ба шабакаҳо ва дастгоҳҳои таъминоти барқ, истифодаи қувваи барқ ва гармӣ бе асбобҳои зарурии назоратӣ ва баҳисобгирӣ ё бе шартнома бо ташкилотҳои таъминоти қувваи барқ ва гармӣ, кандан ва шикастани пломбаҳои муқарраршудаи асбобҳои андозагирӣ, инчунин, аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят ҷазои маъмурӣ дар шакли ҷаримаи маъмурӣ нисбат ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то сӣ, ба шахсони мансабдор аз сӣ то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо татбиқ карда мешавад.
Аз муҳимтарин фоидаҳои ин низом ҳамин аст, ки аъзои ҷомеа дар истифодаи неруи барқ сарфакор шаванду ба-дин васила ба иқтисоди кишвар зарар нарасонанд. Илова бар ин, ин низом неруи барқро барои аҳолии кишвар дар ҳама фаслҳо пурра таъмин менамояд. Ва маълум аст, ки ин омилҳо ба беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум таъсири хуб дорад. Орзу ва ҳадафи ҳар як сокини кишвар расидан ба сатҳи зиндагии боз ҳам беҳтар ва ҳаёти осоишта мебошад. Ин орзуи сокинони кишвар ҳадафи асосии давлату Ҳукумати мамлакат аст.
Дар баробари ин иқдомот ва роҳандозии босамари он ҳар як сокини кишвар бояд саҳмгузор бошад ва набояд канор нишинад. Ҳар як аз аъзои ин ҷомеа барои ноил шудан ба чунин орзуи нек ва мақсади судманди худ ва давлати худ бояд талош намояд. Аз он ҷойе, ки Ҳукумати кишвар барои расидан ба ин ҳадаф рушди соҳаи энергетикаро асоситарин роҳу усул муайян кардаву қарор додааст, пас мо бояд бо истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ дар самти амалӣ шудани ин ҳадаф саҳми худро гузорем.
Илова бар ин, имрӯз дар мамлакатамон ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар татбиқ мегардад, ки ба истиқлолияти комили энергетикӣ вобастагии амиқ дошта, ба рушду пешрафт ва шукуфоии бештари Ватани азизамон мусоидат менамояд.
Саривақт пардохт намудани маблағи истифодаи қувваи барқ ва истифода аз дастгоҳҳои каммасрафи барқӣ, масъулияти баланди шаҳрвандӣ ва нақши ҳар яки мо дар таъмини кори муназзами энергетикии мамлакат ва беҳтар гардидани вазъи таъминоти неруи барқ мебошад.
Дар охир сардори шуъбаи тарбияи Донишгоҳ аз номи Раёсат ва ҳайати кормандону омӯзгорони Донишгоҳ ҳамчуни мизбон ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани ин ҳамоиш ба намояндаи Прокуратураи генералии ҶТ изҳори сипос баён намуд.
Шуъбаи тарбия