БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМ ДАР ҶАЛАСАИ ВАСЕИ ШУРОИ КЛИНИКӢ


БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМ ДАР ҶАЛАСАИ ВАСЕИ ШУРОИ КЛИНИКӢ

Санаи 29-уми апрели соли равон дар толори Пажуҳишгоҳи тибби бунёдӣ ҷаласаи навбатии Шурои клиникии Донишгоҳ баргузор гардид. Ҷаласа таҳти раёсати муовини ректор оид ба корҳои муолиҷавӣ, раиси Шурои клиникӣ д.и.т., профессор Ҳусейнзода З.Ҳ. бо иштироки мудирони кафедращои клиникь, аъзоёни Шуро, кормандони Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ, директорони марказҳои клиникӣ ва мутассадиёни корҳои муолиҷавии кафедраҳо баргузор гардид. Ҷаласаро раиси Шурои клиникӣ Ҳусейнзода З.Ҳ. ифтитоҳ намуда, вобаста ба рӯзнома ва масъалаҳои баррасишаванда ба аъзои Шурои клиникӣ маълумот пешниҳод намуд. Дар ҷаласаи навбатӣ масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуданд:

- Баррасии натиҷаи аттестатсияи фосилавии ординаторони клиникӣ дар нимсолаи баҳории соли таҳсили 2024-2025;

- Ҳисоботи оид ба фаъолияти муолиҷавии кафедраи амалияи ҷарроҳӣ ва анатомияи топографӣ дар давоми солҳои 2020-2024;

- Масъалаҳои гуногун.

Вобаста ба масъалаҳои ҷаласа директори Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ н.и.т., дотсент Қобилзода Қ.К. ва мутасаддии оид ба корҳои муолиҷавии кафедраи амалияи ҷарроҳӣ ва анатомияи топографӣ ба номи профессор Каримов М.К., ассистент Ҷураев У.Қ. маъруза намуданд Дар баррасии масъалаҳо ҳамчунин мудири кафедраи амалияи ҷарроҳӣ ва анатомияи топографӣ ба номи профессор Каримов М.К., д.и.т. Қурбонов Ҷ.М. ва мудири кафедраи онкология д.и.т., профессор Юлдошев Р.З. иштирок намуданд. Дар интиҳои ҷаласа муовини ректор оид ба корҳои муолиҷавӣ, раиси Шурои клиникӣ д.и.т., профессор Ҳусейнзода З.Ҳ. оид ба масъалаҳои баррасишуда хулосаи худро пешниҳод намуд ва ҷаласа бо қабули қарор вобаста ба иҷроиши масъалаҳои баррасишуда хотима ёфт.

 

                                                                 Муовинати корҳои муолиҷавӣ


01.05.2025 20

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php