НАҚШИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ СИЁСАТИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶИИ КИШВАР
Паём ҳамчун як анъанаи сиёсӣ ва ҳуқуқии давлатдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми муҳим дорад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола бо ироаи паём ба Маҷлиси Олӣ самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, барномаҳои рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишварро муайян менамояд. Паём на танҳо иттилоот медиҳад, балки ҳамчун роҳнамо ва дастур барои тамоми мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як шаҳрванди мамлакат хизмат мекунад. Ҳар як паём на танҳо мушкилоти мавҷударо таҳлил менамояд, балки роҳҳои ҳалли онҳо ва дурнамои рушди ояндаи кишварро низ пешниҳод мекунад.
Дар шароити ҷаҳони пуртазоду зудтағйирёбанда, паёми Пешвои миллат ҳамчун як санади муҳими сиёсӣ имконият медиҳад, ки Тоҷикистон бо стратегияҳои равшан ва мураттаб роҳи рушди худро идома диҳад ва ҷойгоҳи худро дар арсаи байналмилалӣ тақвият бахшад.
Яке аз меҳварҳои асосии паёми имсола ба рушди иҷтимоии кишвар бахшида шудааст. Президенти мамлакат таваҷҷуҳи хосро ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон равона карданд. Аз ҷумла, супориш дода шуд, ки маоши кормандони соҳаҳои маориф, илм, тандурустӣ ва фарҳанг ба таври назаррас баланд бурда шавад. Аз 1-уми сентябри соли 2025, маоши муаллимони мактабҳои миёна ва муассисаҳои томактабӣ 30 фоиз, ва маоши дигар кормандони буҷетӣ 20 фоиз афзоиш хоҳад ёфт.
Ҳамчунин, Пешвои миллат таъкид намуданд, ки фарогирии кӯдакони синни томактабӣ аз 27 фоизи имрӯз ба 40 фоиз дар панҷ соли оянда расонида шавад. Барои ин, нақшаи сохтмон ва таъмири беш аз 800 муассисаи томактабӣ ва зиёда аз 1000 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ таҳия шудааст.
Таваҷҷуҳ ба соҳаи тандурустӣ низ дар маркази сиёсати дохилӣ қарор дошт. Бо мақсади беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, барномаҳои нави рушди соҳа ва омӯзиши мутахассисони баландихтисос амалӣ мегарданд.
Дар самти сиёсати иқтисодӣ, Президенти кишвар вазифа гузоштанд, ки раванди саноатикунонии босуръати кишвар тақвият дода шавад. Яке аз ҳадафҳои асосӣ ба муҳайё намудани заминаи мусоид барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ҳавасмандгардонии соҳибкорӣ равона шудааст.
Ҳамчунин, аҳамияти истифодаи самараноки захираҳои обӣ ва энергетикӣ, рушди технологияҳои сабз ва вусъати иқтисоди рақамӣ таъкид гардид. Пешвои миллат дар паём таъкид намуданд, ки барои амалӣ кардани се ҳадафи миллӣ — истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ — тамоми қувваҳо равона карда шаванд.
Президенти кишвар дар паёми худ зикр намуданд, ки сиёсати хориҷии Тоҷикистон бар пояи принсипҳои дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳифзи сулҳу субот бунёд ёфтааст. Тоҷикистон сиёсати "дарҳои боз"-ро идома дода, талош менамояд, ки бо тамоми кишварҳои ҷаҳон муносибатҳои дӯстона ва судманд барқарор намояд.
Масъалаҳои муқовимат ба терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар хатарҳои глобалӣ дар меҳвари сиёсат қарор гирифтаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббусҳои байналмилалиро оид ба масъалаҳои амнияти об, тағйирёбии иқлим ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ фаъолона ҷонибдорӣ мекунад ва дар ин самт дар арсаи байналмилалӣ нақши намоён дорад. Маориф ва илм ҳамчун сутунҳои асосии давлатдорӣ ва рушд аз таваҷҷуҳи махсус бархӯрдор гардиданд. Пешвои миллат таъкид карданд, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳи рақобатпазирии ҷавонон дар бозори меҳнат ва ҷаҳони муосир, бояд ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва донишҳои муосир аҳамияти ҷиддӣ дода шавад. Баробари ин, рушди фарҳанг ва ҳифзи арзишҳои миллӣ низ дар меҳвари сиёсати давлат қарор доранд. Ин тадбирҳо ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносӣ ва ифтихори миллӣ мусоидат менамоянд.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо барномаи фаъолияти солонаи мақомоти давлатӣ аст, балки ин як нақшаи рушди ҳаматарафаи миллат ва давлат мебошад. Дар паём самтҳои асосии фаъолияти кишвар дақиқ нишон дода шудаанд: аз баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум то таҳкими амният ва тақвияти мавқеи байналмилалӣ.
Мо, ҷавонон ва тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон, бояд муҳтавои паёмро амиқ дарк карда, барои татбиқи ҳадафҳои дар он зикршуда кӯшиш намоем. Танҳо бо заҳмати ҳамагонӣ ва садоқат ба ватани худ метавонем Тоҷикистони азизро боз ҳам ободтар, пешрафтатар ва шоистаи наслҳои оянда созем. Паём моро ба шукргузорӣ, масъулиятшиносӣ ва талоши беандоза барои фардои дурахшон даъват мекунад. Бигузор ҳар қадами мо дар татбиқи ормонҳои бузурги миллат саҳми арзандае бошад.
Ҳоҷиева С.Б.-ассистенти кафедраи гистология