РОҲ БА СӮЙИ МУВАФФАҚИЯТ
Аз 24 то 26-уми апрели соли ҷорӣ дар Донишгоҳи “Зармед”-и Бухоро Олимпиадаи байналмилалии ҷавонон “Зармед-2025” баргузор гардид, ки дар он дар баробари донишҷӯёни фаъоли Донишгоҳ инчунин омӯзгорон низ фаъолона ширкат варзиданд. Боиси ифтихор аст, ки 10 нафар донишҷӯёни фаъол дар олимпиадаи болозикр маҳорат ва малакаи андӯхтаашонро нишон дода, гувоҳномаҳои олимпиадаро ба даст оварданд.
Омӯзгорони кафедраи анатомияи одами ба номи профессор Я. А. Раҳимов- Қодирова Фарзона бо дипломи дараҷаи 2 ва Асанбекова Соҳибҷамол бо дипломи дараҷаи 1 дар олимпиадаи мазкур сарфароз гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки олимпиада аз рӯи 12 фанни асосии тиббӣ баргузор шуда, мақсад аз он баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи амалӣ, инчунин тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи тиб мебошад.
Раёсат ва Иттифоқи касабаи кормандони Донишгоҳ омӯзгорони болозикрро ба ин дастовардҳо табрику муборакбод намуда, дар пешрафти минбаъдаашон ба эшон муваффақиятҳо орзу менамоянд.