НАҚШИ ТАҶРИБАҲОИ АМАЛӢ ДАР ТАКМИЛИ МАЛАКАҲОИ КЛИНИКИИ ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶӢ ДАР ШАРОИТИ ПАЖӮҲИШГОҲИ ТИББИ БУНЁДӢ
Дар ҳамкории Озмоишгоҳи илмӣ-тадқиқотии МД “Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдӣ” – и ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино ва кафедраи анатомияи топографӣ ва амалияи ҷарроҳӣ, бо иштироки 6 нафар донишҷӯёни курси сеюми Донишгоҳи давлатии тиббии шаҳри Чимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон, амалиёти таълимӣ-таҷрибавӣ баргузор гардид.
Ин донишҷӯён, ки аз санаи 14.04.2025 дар доираи барномаи мубодилаи академӣ дар кафедра қарор доранд, дар бахши ҷарроҳии эксперименталӣ дар амалиёти ҷарроҳии “Лапаротомия, гузоштани дарзи меъда ва тафтиши ковокии шикам” иштирок намуданд. Ҷараёни омӯзиш бо роҳбарии дотсенти кафедра Холбоев С.А. ва бо дастгирии кормандони озмоишгоҳ гузаронида шуда, ба донишҷӯён имкон дод, ки бо тамоми бахшҳои таҷрибавӣ шинос шаванд.
Хусусан, шиносоӣ бо бахшҳои нигоҳдории ҳайвоноти озмоишӣ, аз қабили харгӯшҳо, мушҳои сафед, калламушҳо ва хукчаҳои баҳрӣ, барои донишҷӯён як таҷрибаи муҳими амиқ ва муассир гардид. Таассуроти онҳо аз боздид мусбат арзёбӣ шуда, сатҳи таваҷҷуҳ ва иштирокашон дар ҷараёни омӯзиш баланд буд.
Ин гуна фаъолиятҳо барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаҳои амалӣ-иҷроии донишҷӯён, хусусан донишҷӯёни хориҷӣ, заминаи устувор мегузоранд. Омӯзиши мустақим ва иштироки фаъол дар амалиётҳои клиникию ҷарроҳӣ дар муҳити озмоишгоҳӣ, ба донишҷӯён на танҳо донишҳои назариявӣ, балки малакаҳои амалии тиббӣ, риояи қоидаҳои асептика ва антисептика, кор бо ҳайвоноти озмоишӣ ва омодагӣ ба амалиётҳои воқеиро меомӯзонад.
Ҳамчунин, ин раванд як намунаи хуби ҳамкории байниозмоишгоҳӣ ва байнимилалӣ буда, таҷрибаи мубодилаи академӣ ва табодули донишро густариш медиҳад. Таъмини шароити муносиб барои донишҷӯёни хориҷӣ ва ба роҳ мондани таҷрибаомӯзии амалӣ, ба баланд бардоштани нуфуз ва мақоми байналмилалии муассисаҳои таълимии кишвар мусоидат мекунад.
ПАЖӮҲИШГОҲИ ТИББИ БУНЁДӢ