КОРҲОИ ИЛМӢ-ТАҶРИБАВӢ ОИД БА ОМӮЗИШИ ЛАКТАНҲО ДАР АСОСИ ҲОСИЛАҲОИ НАВИ ГЛИСЕРОЛ


КОРҲОИ ИЛМӢ-ТАҶРИБАВӢ ОИД БА ОМӮЗИШИ ЛАКТАНҲО ДАР АСОСИ ҲОСИЛАҲОИ НАВИ ГЛИСЕРОЛ

Дар Озмоишгоҳи илмӣ-тадқиқотии МД “Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдӣ” – и Донишгоҳ унвонҷӯи кафедраи биологияи Донишгоҳи давлатии Данғара — Шарифова С.Д. таҳти роҳбарии доктори илмҳои техникӣ, профессор Каримов М.Б., корҳои илмӣ-таҷрибавиро дар мавзӯи таҳқиқотии худ оғоз намуд.

Мавзӯи таҳқиқоти номбурда: «Синтез ва омӯзиши хосиятҳои физикӣ, химиявӣ ва биологии лактанҳо дар асоси ҳосилаҳои нави глисерол» мебошад, ки барои дарёфти дараҷаи номзадӣ (PhD) пешниҳод шудааст.

Ин тадқиқот ба омӯзиши пайвастагиҳои органикии синтетикӣ равона буда, ҳадафи асосии он дарёфти лактанҳои дорои хосиятҳои нави биоактивӣ ва муайян намудани таъсири эҳтимолии онҳо дар сатҳи ҳуҷайравӣ ва организми зинда мебошад.

Истифодаи глисерол ва ҳосилаҳои он барои синтези молекулаҳои бо функсияи дорусозӣ ва антибактериалӣ дорои аҳамияти васеъ дар соҳаи биотехнология ва дорусозӣ мебошад. Таҳқиқотҳои мазкур метавонанд дар таҳияи маводи нав, доруҳои муқовиматнок ба бактерияҳо, ё иловаҳои биологӣ, ки таъсири мусбат ба саломатии инсон доранд, нақши муҳим бозанд.

Чунин таҳқиқот дар сатҳи номзадӣ дар Озмоишгоҳи илмӣ-тадқиқотии Пажӯҳишгоҳ нишондиҳандаи рушди фаъолияти илмии байнидонишгоҳӣ ва самаранокии ҳамкориҳои илмии дохили кишвар мебошад. Ин тадқиқот метавонад дар оянда ба дастовардҳои нав дар соҳаи биохимия, биологияи молекулавӣ ва дорусозӣ оварда расонад.

 

ПАЖӮҲИШГОҲИ ТИББИ БУНЁДӢ


29.04.2025 29

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php