СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ДАР ПАЖӮҲИШГОҲИ ТИББИ БУНЁДӢ ОИД БА ИСТИФОДАИ РАМЗҲОИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ДАР ПАЖӮҲИШГОҲИ ТИББИ БУНЁДӢ ОИД БА ИСТИФОДАИ РАМЗҲОИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Санаи 28-уми апрели соли 2025 дар толори раёсати Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдӣ, бо мақсади амалисозии супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми апрели соли 2025, №19/10-19, ва дар доираи иҷрои супориши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, семинари омӯзишӣ оид ба истифодаи минбаъдаи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Парчами давлатӣ ва Нишони давлатӣ — баргузор гардид.

Дар семинар кормандони Пажӯҳишгоҳ, ҳайати омӯзгорони кафедраҳои микробиология, иммунология ва вирусология, анатомияи патологӣ, фармакология, физиологияи патологӣ, инчунин кормандони дигар бахшҳое, ки дар бинои Пажӯҳишгоҳ фаъолият доранд, иштирок намуданд.

Семинар бо суханони ифтитоҳии директори Пажӯҳишгоҳ, доктори илмҳои тиб, профессор Саидзода Баҳромуддин Икром оғоз ёфт. Дар суханрониашон таъкид гардид, ки рамзҳои давлатӣ нишонаи истиқлолият, соҳибихтиёрӣ ва ваҳдати миллии мо маҳсуб меёбанд. Зикр шуд, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дахлдор истифодаи ҳатмии Парчам ва Нишони давлатиро дар тамоми муассисаҳо ва ташкилотҳо талаб менамоянд.

Тибқи дастури расида, ҳар як муассиса вазифадор аст, ки рамзҳои давлатиро мутобиқи талаботи муқарраршуда истифода бурда, ҳолати дурусти онҳоро назорат намояд.

Сипас, ходими илмии Пажӯҳишгоҳ Мамадаминов О.Н. оид ба талаботи асосии истифодаи рамзҳои давлатӣ баромад намуда, нуқтаҳои муҳимро шарҳ доданд:

1.    Истифодаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

o   Парчами давлатӣ бояд дар дохили утоқҳои роҳбарон, маҷлисгоҳҳо ва саҳни муассисаҳо насб карда шавад.

o   Парчам бояд тоза, нав ва мутобиқ ба намунаи расмии тасдиқшуда бошад.

o   Дар ҳамаи чорабиниҳои расмӣ ва ҷамъомадҳо ҳузури Парчами давлатӣ ҳатмист.

o   Парчам бояд дар ҷойҳои намоён ва бо эҳтироми лозима ҷойгир карда шавад.

2.    Истифодаи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

o   Нишони давлатӣ бояд дар дохили бинои муассиса, махсусан дар утоқҳои роҳбарон ва толорҳои маҷлис насб карда шавад.

o   Нишон бояд аз рӯи андоза, шакл ва ранги аслии тасдиқшуда омода ва насб карда шавад.

o   Истифодаи шакли нодуруст, тағйири ранг ва намунаҳои таҳрифшуда манъ аст.

3.    Қоидаҳои муҳим ва эҳтиётӣ

o   Парчам ва Нишон бояд аз ифлосшавӣ, фарсудагӣ ва осеб эмин нигоҳ дошта шаванд.

o   Ҳангоми пайдо шудани нишонаҳои фарсудагӣ ё осеб, бояд онҳо фавран иваз карда шаванд.

o   Андозаи расмии Парчам ва Нишон бояд ба талаботи қонунгузорӣ мутобиқ бошад.

o   Дар сайтҳо ва шабакаҳои иҷтимоии муассисаҳо низ танҳо намунаҳои расмии рамзҳои давлатӣ ҷой дода шаванд.

4.    Масъулияти роҳбарон ва кормандон

o   Ҳар як роҳбар вазифадор аст, ки шахсан назорати риояи ин талаботҳоро таъмин намояд.

o   Дар сурати ошкор шудани камбудиҳо, бояд фавран чораҳои зарурӣ андешида шаванд ва вазъият ислоҳ гардад.

Дар анҷоми семинар роҳбарияти Пажӯҳишгоҳ таъкид намуданд, ки мо бо эҳсоси баланди масъулият талаботҳои муқарраршударо сари вақт ва бо сифати баланд иҷро хоҳем кард. Зеро эҳтироми рамзҳои давлатӣ — ин эҳтироми мустақилият ва ваҳдати миллии мост.

 

ПАЖӮҲИШГОҲИ ТИББИ БУНЁДӢ


29.04.2025 37

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php