МУҲАҚҚИҚИ ҶАВОНИ ТОҶИК - ИФТИХОРИ ИЛМИ ТИБ
Санаи 25.04.2025 сол бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба “Рӯзи илми тоҷик” Озмуни ҷумҳуриявии “Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон” миёни докторантон аз рӯйи ихтисос (PhD) ва унвонҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ намояндагони вазорату идораҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии кишвар ширкат варзиданд. Мақсадии асосии ин озмун ҷалби бештари ҷавонон ба корҳои илмӣ - таҳқиқотӣ ва ихтироъкорӣ буда, ҳамасола дар фазои тантанавӣ ва илмпарварона сурат мегирад.
Боиси ифтихору сарфарозист, ки дар бахши тиббӣ ва фарматсевтӣ докторант аз рӯйи ихтисос (PhD) – и кафедраи урология ба номи профессор Осимӣ А.С.- Наҷмидинов Хуршедҷон Наҷмидинович сазоворӣ ҷои якум гардид.
Ин ғалаба бозгӯи заҳмату кӯшишҳои роҳбари илмӣ – мудири кафедраи урология, н.и.т., дотсент Саъдуллозода Фарҳод Сангинмурод мебошад, ки дар рушди илм ва таҳқиқот намунаи дигарон мебошад. Заҳматҳои эшонро Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инобат гирифта бо “Сипоснома” қадрдонӣ карда шуд.
Раёсат ва Иттифоқи касабаи кормандони Донишгоҳ олими ҷавону умедбахш Наҷмидинов Хуршедҷонро бо ин дастоварди назаррас самимона табрик намуда, барояш дар роҳи илм, ихтироъ ва хизмат ба халқу миллат комёбиҳои нав ба навро орзумандем!.