ОИЛАИ СОЛИМ — ҶОМЕАИ СОЛИМ


ОИЛАИ СОЛИМ — ҶОМЕАИ СОЛИМ

Инсон дар оила таваллуд мешавад ва дарки ӯ нисбат ба ҷаҳон маҳз дар фазои он шакл мегирад. Оила на танҳо алоқамандии биологӣ, балки гузаргоҳи тақдири инсонҳо мебошад, ки дар он шахсият бо арзишҳои умумӣ муттаҳид мешавад. Маҳз дар ин ҷо асосҳои ахлоқ, масъулият ва муҳаббат — сифатҳое, ки сатҳи ахлоқии тамоми ҷомеаро муайян мекунанд, гузошта мешаванд.

Оила архетип аст, ки моҳияти ҳастии инсонро инъикос мекунад. Дар он анъанаҳо ва навоварӣ, шахсӣ ва ҷамъиятӣ, моддӣ ва маънавӣ ба ҳам мепайванданд. Ҳар узви оила - олами нотакрор мебошад, аммо он ҳамзамон қисми як бутуният аст, ки бисёрҷабҳагии ҳастиро таҷассум мекунад.

Оилаи солим ҳамоҳангӣ (гормония) эҷод мекунад, ва маҳз ҳамоҳангӣ заминаи ҷомеаи солим мегардад. Муносибатҳои оилавӣ монанди микрокосм ҳастанд, ки вазъи иҷтимоиро инъикос мекунанд: агар дар оила иззату ҳурмат ва якдигарфаҳмӣ набошад, ҷомеа ҳатман ба таназзул рӯ меорад.

Файласуфон хеле зиёд дар мавзӯи нақши оила дар ташаккули ахлоқи ҷамъиятӣ ҳарф мегуфтанд. Файласуфи бузурги Чин Конфутсий (551–479 то милод) таъкид мекард, ки оила асоси тартиби ҷомеа ва хислатҳои инсонӣ мебошад. «Дар оила, агар фарзандон волидонро эҳтиром кунанд, ин эҳтиром ба ҷомеа интиқол меёбад». Боз мегуянд: «Пеш аз он ки ҷаҳонро ислоҳ кунӣ, оилаи худро ислоҳ намо».

Инчунин Арасту (384–322 то милод) иддао мекард, ки инсон «ҳайвони иҷтимоӣ» аст, ва қобилияти ӯ ба ахлоқ маҳз дар оила ташаккул меёбад. Арасту оиларо асоси ҷамъият мешуморид ва мегуфт, ки давлати адолатнок аз оила оғоз меёбад. Оила ҷузъи аввалини ҷомеа аст, зеро инсон табиатан мавҷуди иҷтимоӣ мебошад. Тартиби давлат бевосита ба тартиби оила вобаста аст. Агар оила солим бошад, ҷомеа низ устувор боқӣ мемонад.

Аммо чӣ оиларо солим месозад?

Ин танҳо ғамхорӣ нисбат ба бехатарии ҷисмонӣ ва рӯҳии аъзои он нест, балки мавҷудияти меъёрҳои маънавӣ, ки ба шахс имкон медиҳанд то худро на танҳо як шахси алоҳида, балки қисми ҷомеа эҳсос кунад. Оилаи солим паноҳгоҳи идеалӣ набуда, балки макони рушд ва таҳаввулот аст.

  • Он моро ба ҳалли мушкилот тавассути муколама меомӯзад.
  • Дар он шахс арзиши эътимод ва масъулиятро дарк мекунад.
  • Он қобилияти дидани худ дар дигаронро ташаккул медиҳад, эгосентризмро бартараф мекунад.

Вақте ки оила манбаи ҳамоҳангӣ мегардад, ҷомеа заминаи рушди устувор ва суботи иҷтимоиро пайдо мекунад. Бунёди ҷомеаи тамаддунӣ ғайри имкон аст, агар асоси он — муносибатҳои инсонӣ — беқувват бошад ва зудвайроншаванда бошад.

Фалсафаи оила — фалсафаи пайвастагӣ аст, алоқамандӣ аст. Ҳар қадар ки пайвандҳои он мустаҳкам бошанд, ҳамон қадар сутунҳои ахлоқии ҷомеа устувор мешаванд. Агар мо ба сӯи ҷомеаи одил, огоҳ ва инсондӯстона кӯшиш кунем, пас бояд аз дарки оила ҳамчун асоси ҳастии инсон оғоз кунем. Беҳуда Жан-Жак Руссо (1712–1778) нагуфтааст: «Оила нахустин мактаби ахлоқ ва муҳаббат аст» .

«Муносибати нек дар оила ҷаҳонро ба сӯи адолат раҳнамоӣ мекунад».

 

Икромова Ҷ. Н., Акрамализода Фарзона

-ассистентони кафедраи

анатомияи патологӣ

 


28.04.2025 108

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php