ДОНИШҶӮЁН ДАР ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ИШТИРОК НАМУДАНД


ДОНИШҶӮЁН ДАР ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ИШТИРОК НАМУДАНД

Аз 24 то 26-уми апрели соли ҷорӣ дар Донишгоҳи “Зармед”-и Бухоро Олимпиадаи байналмилалии ҷавонон “Зармед-2025” баргузор гардид, ки дар он донишҷӯёни фаъоли Донишгоҳ таҳти роҳбарии муаллимаи кафедраи физиологияи патологӣ Рустамова Лоҷувар иштирок намуданд. Инчунин, омӯзгорони кафедраи физиологияи нормалӣ Иргашева Ҷ. З. ва Зуҳурова П. М. ба ҳайси ҳакамон ва намояндагони Донишгоҳ дар олимпиадаи мазкур ширкат варзиданд. Боиси ифтихор аст, ки 10 нафар донишҷӯёни фаъол дар олимпиадаи болозикр маҳорат ва малакаи андӯхтаашонро нишон дода, гувоҳномаҳои олимпиадаро ба даст оварданд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола донишҷӯёни Донишгоҳ дар чандин олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва берун аз он иштирок менамоянд ва бо ҷойҳои намоён сазовор дониста мешаванд, ки бевосита аз баланд будани сифати таълим дар Донишгоҳ гувоҳӣ медиҳад.

Раёсати Донишгоҳ донишҷӯён ва роҳбарони илмиашонро ба ин дастовардҳо табрику муборакбод намуда, дар пешрафти минбаъдаашон ба эшон муваффақиятҳо орзу менамоянд.


28.04.2025 84

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php