29 АПРЕЛ - РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИММУНОЛОГИЯ


29 АПРЕЛ - РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИММУНОЛОГИЯ

Рӯзи Имунология аввалин бор соли 2005 бо ташаббуси Иттиҳодияи байналмилалии ҷамъиятҳои иммунологӣ ва Федератсияи Аврупоии ҷамъиятҳои иммунологӣ таҷлил шуд. Ҳадафи он таъкид кардани нақши муҳимми иммунология дар табобати бемориҳои гуногун мебошад.

Дар тибби муосир, иммунология барои табобати ихтилолҳои низоми иммунӣ, сироятҳо, бемориҳои саратони ва дигар бемориҳо истифода мешавад. Ин соҳа ба трансплантология низ алоқаманд аст, зеро рушди он имкон медиҳад, ки донори мувофиқ пайдо шуда, аксуламали радкунии трансплантат дар ретсипиент пешгирӣ гардад.

Бо шарофати дастовардҳои муҳим дар соҳаи иммунология, эмгузаронӣ яке аз бузургтарин воситаҳои ҳифзи саломатии ҷамъиятӣ ба шумор меравад. Ин технология, ки барои пешгирии бемориҳои сироятӣ таҳия шудааст, яке аз самараноктарин ва муассиртарин равишҳо дар таърихи тиб мебошад. Ҳар сол, тавассути эмгузаронӣ, миллионҳо ҷони одамон аз марг ва таъсироти ҷиддии бемориҳо наҷот дода мешаванд. Масалан, ба шарофати барномаҳои густурдаи эмгузаронӣ сатҳи бемориҳои хатарноке чун полиомиелит ва сурхакон дар саросари ҷаҳон ба таври назаррас коҳиш дода шудааст.

Бар илова, эмгузаронӣ на танҳо саломатии шахсони алоҳида, балки тамоми ҷомеаро муҳофизат мекунад, зеро бо кам шудани шумораи сироятёфтагон хатари паҳншавии бемориҳо низ коҳиш меёбад. Ҳамин тавр, ваксинаҳо ҳамчун як абзори муҳими пешгирии бемориҳои глобалӣ хизмат мекунанд ва умри одамонро дар тамоми нуқтаҳои дунё дароз мекунанд.

 

Кафедраи беҳдошти муҳити зист

 


28.04.2025 79

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php