БО МАҚСАДИ РУШДИ СОҲАИ ДОРУСОЗӢ: ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ “ФАРМАТСИЯ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Санаи 24-уми апрели соли 2025 дар факултети фарматсевтии Донишгоҳ Олимпиадаи байналмилалии «Фарматсия» дар бахшҳои зерин: фармакология, технологияи дорусозӣ, химияи фарматсевтӣ, фармакогнозия, ташкил ва иқтисодиёти дорусозӣ баргузор гардид. Дар олимпиадаи мазкур донишҷӯёни донишгоҳҳои ватанӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, Донишкадаи фарматсевтии Тошканд, Донишгоҳи давлатии тиббии Самарқанд ва Донишгоҳи давлатии тиббии Бухоро ба номи Абу Алӣ ибн Сино ширкат варзиданд. Олимпиада аз 3 давр: даври аввал - муаррифии донишгоҳҳои худ, даври дуюм - тести назариявӣ, даври сеюм - малакаҳои амалӣ иборат буд.
Юлдашева У. П. –декани факултети фармасевтӣ зимни суханронии хеш дар оғози олимпиада иброз доштанд, ки Олимпиадаи байналмилалии «Фарматсия» як шохаи муҳими рушди илм ва маориф дар соҳаи фарматсия мебошад ва имконияти олӣ барои донишҷӯён ба ҳисоб меравад, ки ба таҳқиқот ва амалҳои илмии ин бахш шомил шаванд. Таъкид гардид, ки олимпиада платформаи муассир барои алоқаи илмии байни донишҷӯён ва олимони кишварҳои гуногун аст, ки ба тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ ва мубодилаи таҷриба кӯмак мекунад.
Дониши донишҷӯёнро аъзои ҳайати ҳакамони байналмилалӣ, ки аз мутахассисони пуртаҷриба иборат буд, баҳогузорӣ намуданд.
Дар умум, дар Олимпиада 91 нафар донишҷӯён аз Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ иштирок карданд. Мақсади баргузор кардани олимпиада ташвиқи донишҷӯён барои таҳқиқоти илмӣ ва амалии соҳаи фарматсия, инчунин пешбурди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин бахш буд. Дар фарҷом, ба ғолибон ва иштирокчиён сертификатҳо ва дипломҳо аз номи ректори МДТ «ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино», доктори илмҳои тиб, профессор Муҳиддин Нуриддин Давлаталӣ тақдим карда шуд.