МУЗАФФАРИЯТ БА КУЛЛИ ДОНИШГОҲ ФАРХУНДА БОД!
Санаи 25.04.2025 бахшида ба Рӯзи илми тоҷик дар "Кохи Суруш" маросими ҷоизасупории ғолибони Озмуни "Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон", "Магистранти сол" ва "Олими сол" баргузор гардид. Ёдовар мешавем, ки даври аввали Озмуни мазкур дар Донишгоҳ санаи 15.02.2025 бо дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни донишҷӯён, магистрантон, докторантони PhD ва унвонҷӯён баргузор гардида, ғолибон ба даври дуюм роҳхат гирифта буданд.
Хушбахтона дар даври ҷумҳуриявии озмун ординатори донишгоҳ низ ҷойи намоёнро ишғол намуд.
Ҳамин тариқ дар даври ниҳоии озмунҳои ҷумҳуриявии «МУҲАҚҚИҚ ВА ИХТИРОЪКОРИ ҶАВОН», «ОЛИМИ СОЛ» ВА «МАГИСТРАНТИ СОЛ» довталаби зерин ба гирифтани ҷойи дуюм мушарраф гардиданд:
▪︎ ШАРИФОВ СУНАТУЛЛО АҲМАДОВИЧ – Ординатори соли 2-юми кафедраи Бемориҳои ҷарроҳии №1 ба номи академик Қурбонов К.М – ҶОЙИ II аз рӯи номинатсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ дар самти тиббӣ ҷарроҳӣ сазовор гардид.
Раёсат ва Иттифоқи касабаи кормандон Сунатулло Шарифовро бо ин пайки нек вам муждаи басо ҳам муҳим дар соли 2025 муборакбод намуда, барои корҳои минбаъда дар самти илму ихтироъкори ва пешбурди корҳои таълимӣ, эъҷодӣ ва илмӣ-методӣ муфаввақиятҳои навро таманно дорад.