АНҶОМИ КОРИ КОНФЕРЕНСИЯИ XX ИЛМӢ-АМАЛИИ ОЛИМОНИ ҶАВОН ВА ДОНИШҶӮЁН ДАР МАВЗУИ “ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ЗЕҲНӢ ДАР ТАҲСИЛОТ ВА ИЛМИ ТИБ: РАВИШҲОИ ИННОВАТСИОНӢ” БО ИШТИРОКИ НАМОЯНДАГОНИ ХОРИҶӢ
Конференсияи XХ илмӣ - амалии олимони ҷавон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар мавзуи «Технологияҳои зеҳнӣ дар таҳсилот ва илми тиб: Равишҳои инноватсионӣ» бо иштироки намояндагони хориҷӣ, ки санаи 25-уми апрели соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, баъди қабули қарорҳои мушаххаси дахлдор ба кори худ анҷом бахшид.
Ёдовар мешавем, ки ҳадаф аз ташкил ва гузаронидани ҳамоиши илмӣ ба вуҷуд овардани шароити мусоиди баҳсу мунозираҳои созандаи илмӣ ба олимони ҷавонон ва донишҷӯён ва фароҳам овардани шароиту имкониятҳои озод ҷиҳати барќарор намудани равобити дӯстӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо пешрафтатарин муассисаҳои таълимию табобатии хориҷи дуру наздик ва ворид намудани дастовардҳои тибби мосири ватанӣ ва хориҷӣ ба амалияи тиб мебошад.
Дар Конференсия дастовардҳои олимони ҷавон ва донишҷӯёни кишвар ва ҳамтоҳои ҳориҷӣ ба доираи васеи иштирокчиён пешниҳод гардида, масоили таҳқиқоти фундаменталӣ ва амалӣ дар тиб, технологияи муосиру инноватсионӣ дар тибби назарӣ ва клиникӣ, татбиқи дастовардҳои навини илмӣ дар раванди таҳсилоти олии тиббӣ мавриди баррасӣ ва баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Мавзуъҳои маърӯзаҳои баррасигардида мухталиф буда, ба дастовардҳо ва масоили ҳалталаби самтҳои гуногуни тиб, аз ҷумла ҷарроҳияи калонсолону атфол, педиатрия, бемориҳои дарунӣ, ҷарроҳии дилу рагҳо, онкология, урология, стоматология, тибби оилавӣ, неврология, бемориҳои сироятӣ, бемориҳои пӯст ва узвҳои таносул, фанҳои назариявии тиббӣ, фарматсия, фанҳои назариявии ғайритиббӣ ва ғайра бахшида шудаанд.
Конференсия дар ҷаласаи пленарӣ ва 17 сексия, аз ҷумла ҷаласаи пленарӣ, сексияҳои ҷарроҳӣ, акушерӣ ва гинекологӣ, дилу рагҳо ва ҷарроҳии тармимӣ, бемориҳои дарунӣ, эндокринология, дерматовенерология ва бемориҳои сироятӣ, неврология, педиатрия ва бемориҳои сироятии кӯдакона, оториноларингология ва офталмология, тибби оилавӣ, стоматология, фармакология ва фарматсия, тибби профилактикӣ, тибҳои назариявӣ, физиологияи нормалӣ, фанҳои назариявии ғайритиббӣ, фанҳои гуманитарӣ баргузор гашта, ба онҳо олимони варзида ва устодони Донишгоҳ ва дигар муассисаҳои бонуфузи илмии ватанӣ ва хориҷӣ роҳбарӣ намуданд. Инчунин, 3 симпозиум дар бахшҳои онкология, беҳдошти муҳити зист ва технологияи инноватсионӣ дар травмотология ва ортопедия доир гардиданд.
Боиси тазаккур аст, ки ҳамасола шумораи иштирокчиёни Конференсия ва теъдоди мақолаҳои пешниҳодгардида меафзояд.
Маводҳои Конференсияи мазкур мазкур ба шакли маҷмӯаи маводҳои илмӣ ба табъ расидааст, ки варианти электронии он дастраси иштирокчиёни фаъол ва меҳмонони Конференсия гардонида мешавад.
Дар хотимаи кори Конференсия Резолютсияи конференсия қабул карда шуд, ки он барои ворид намудани дастовардҳои муосири олимони ҷавони ҷаҳонӣ ва ватанӣ ба амалияи илми тиб, пешрафти соҳаи тандурустӣ ва солимгардонии ҷомеа мусоидат хоҳад кард.
Бо пешниҳоди чорабинии рангини фарҳангӣ кори конференсия анҷом пазируфт.
ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕАИ
ХАДАМОТИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ